Коҳиши муҳоҷирати меҳнатӣ: Тоҷикистониҳо дигар ба Русия рафтан намехоҳанд

© Sputnik / Алексей Майшев / Гузариш ба медиабонкРабочие на строительной площадке нового конгрессно-выставочного комплекса "Экспо" на ВДНХ.
Рабочие на строительной площадке нового конгрессно-выставочного комплекса Экспо на ВДНХ. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.08.2024
Обуна шудан
Теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки мехоҳанд барои кор ба хориҷи кишвар бираванд, нисбат ба нимсолаи аввали соли гузашта 16% коҳиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар нимсолаи аввали соли 2024 барои муҳоҷирати корӣ аз кишварн ба хориҷ рафтаанд, ба таври назаррас коҳиш ёфтааст.
Дар ин бора дар нишасти матбуотӣ Гулнора Ҳасанзода, вазири кор ва муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои вазир, тоҷиконе, ки барои кор аз кишвар ба хориҷ рафтаанд дар нимсолаи якуми соли равон 392 805 (ҳамин давраи 2023 - 467 247) нафарро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16% кам мебошад.
“Аз ин шумора мардҳо 314 052 нафар ва занҳо 78 753 нафар мутаносибан 17 фоиз ва 12 фоиз нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта кам шудаанд. Аз теъдоди умумии рафти муҳоҷирони меҳнатӣ 386 987 нафар Русия рост меояд”, - гуфт хонум Ҳасанзода.
Ҳамчунин вазир қайд кард, ки бозгашти муҳоҷирони меҳнатӣ дар ин муддат 324 065 (2023 - 315 870) ё ин ки 3% зиёд буда, аз ин теъдод шумораи мардҳо 243 546 нафар ё ин ки 3% кам буда, шумораи занҳо 80 519 нафар ё ин ки 25% зиёд мебошад.
Вазири тоҷик қайд кард, ки вазорат мунтазам корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ, бахусус шахсоне, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, доир намуда, ба масъалаҳои риояи ҳатмии қонунгузории кишвари иқомат чӣ дар дохили кишвар, аз ҷумла дар фурудгоҳҳои байналмилалӣ ва инчунин дар Русия диққати махсус зоҳир намуда, пайваста корбарӣ менамояд.
Министр труда, миграции и занятости населения Таджикистана Гулнора Хасанзода  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.08.2024
Вазир гуфт, Русия 17 ҳазор муҳоҷири тоҷикро дар ним сол ихроҷ кард
Ва афзуд, дар фурудгоҳҳои байналмилалии шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Кӯлоб ва Хуҷанд навбатдории шабонарӯзӣ ташкил карда шуда, дар байни мусофироне, ки ба Русия сафар мекунанд, корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд.
Дар ҳамин ҳол, ахиран Кумитаи кор бо занони Тоҷикистон аз афзоиши бозгашти занҳо аз Русия хабар дода буд.
Фирӯза Нуруллозода, муовини аввали раиси Кумитаи кор бо занон, рӯзи 5-уми август дар нишасти матбуотӣ гуфт, аз шумораи заноне, ки аз Русия баргаштанд, қариб 40 ҳазорашон ба Оҷонси шуғли меҳнат муроҷиат кардаанд.
Ба гуфтаи ин мақомдор, зиёда аз 19 ҳазор нафари ин занҳо ба кори доимӣ таъмин шуда, қариб даҳ ҳазори дигарро ба омӯзиши касб ҷалб кардаанд. Намояндагони ин Кумита гуфтанд, занони бозгашта аз муҳоҷиратро дар бахшҳои гуногун, аз қабили дӯзандагӣ, пазандагӣ, дар дӯкону корхонаҳои қаннодӣ ба кор ҷалб намудаанд.
Лентаи хабарҳо
0