Созишномаи тиҷорати озод миёни Эрон ва ИИАО ба зудӣ вориди амал мешавад

© Sputnik / СтрингерФлаг Ирана
Флаг Ирана  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.08.2024
Обуна шудан
Пас аз вориди амалшудани Созишномаи тиҷорати озоди Эрон ва Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, беш аз 87% рамзи тарифҳо ба сифр коҳиш дода мешаванд
ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Созишномаи тиҷорати озод миёни Эрон ва ИИАО ба зудӣ мавриди амал қарор мегирад.
Дар ин бора муовини раиси Ташкилоти рушди савдои ҷумҳурӣ Муҳаммадсодиқ Каннадзода изҳор дошт.
Ба гуфтаи вай, ин раванд дар порлумони Эрон дар ҳоли анҷомёбист ва ин санад ба зудӣ аз сӯи порлумон ироа хоҳад шуд.
Зимнан зикр мегардад, ки пас аз огаҳии Созишномаи тиҷорати озод миёни Эрон ва кишварҳои узви ин иттиҳод, беш аз 87 дарсади коди тарофаҳои байни ду тараф ба сифр поин оварда мешавад.
Александр Лукашенко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2024
Минск созишнома дар бораи тиҷорати озод миёни Эрон ва ИИАО-ро тасвиб кард
Вай инчунин қайд кард, ки дар рӯзнома масъалаи ба имзо расидани созишномаи савдои озод бо Покистони ҳамсоя ва ба имзо расондани Созишномаи савдои имтиёзнок бо Уммон низ ҳаст.
Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия қаблан гуфт, Русия аз дархости Эрон барои гирифтани мақоми нозир дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё пуштибонӣ кард.
Сарвари давлат қайд кард, ки созишномаи тиҷорати озод байни ИИАО ва Эрон робитаҳои иқтисодиро боз ҳам таҳким мебахшад.
Лентаи хабарҳо
0