Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Қодиров гуфт, сарбозони украинӣ дастаҷамъӣ таслим мешаванд

© Sputnik / Саид Царнаев / Гузариш ба медиабонкГлава Чеченской Республики Рамзан Кадыров
Глава Чеченской Республики Рамзан Кадыров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.08.2024
Обуна шудан
Рамазон Қодиров дар бораи норасои нерӯҳо ва норозигии афзояндаи низомиёни Украина сухан гуфт. Раҳбари Чеченистон инчунин мӯҳлати хотимаи низоъро номбар кард
ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Рамазон Қодиров, раиси ҷумҳури Чеченистон, аз камбуди нерӯ ва афзоиши норозигии артиши Украина хабар дод.
Дар ин бора ӯ дар канали Telegram-и худ навиштааст.
Қодиров қайд кард, ки маъмулан ба сарбозони одии Қувваҳои мусаллаҳи Украина супоришҳои ғайриимкон дода мешавад ва аз ин рӯ, сарбозон ҳарчӣ бештар бар зидди фармондеҳони худ мубориза мебаранд.
"<...> Ҷангиёни одӣ, аз ҷумла шумораи зиёди онҳое, ки ба таври маҷбурӣ сафарбар карда шудаанд, ҳарчӣ бештар ба муқобили раҳбарони худ ҳаракат мекунанд, ки дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Украина ҳузури шаҳрвандони хориҷӣ аз нарасидани нерӣ ҷангӣ шаҳодат медиҳад", - гуфт Қодиров.
Қодиров афзуд, ки ахиран дар самти Артемовск теъдоди зиёди низомиёни украинӣ ихтиёран таслим шудаанд.
"Ин аз афзоиши норозигӣ дар сафҳо ва дарки он аст, ки ин ягона роҳи наҷоти ҷони онҳост",- гуфт ӯ.
Дар ҳамин ҳол, раҳбари Чеченистон мутмаин аст, ки Русия дар соли ҷорӣ дар низои Украина пирӯз хоҳад шуд. Дар ин бора Қодиров дар шабакаи телевизионии "Россия-1" хабар дод.

"Имсол сад фоиз ғалаба ба даст хоҳад омад", — гуфт ӯ.

Артиши Русия ба густариши ҳамлаҳои худ идома медиҳад ва шаҳракҳои нав тақрибан ҳар ҳафта озод карда мешаванд.
Вазорати дифоъ қаблан хабар дода буд, ки нирӯҳои Русия рустоҳои Прогресс ва Евгеновкаи ҶМД-ро таҳти назорат гирифтаанд.
Евгеновка — нуқтаи аҳолинишин дар пастии канори ғарбии куҳи Очеретинский. Прогресс дар шимоли он ҷойгир аст, ки ин яке аз хатҳои дифои артиши Украина дар наздикии дарёи Волчя мебошад.
Подготовка штурмовых подразделений группировки войск Запад - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.08.2024
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
“Дар панҷ дақиқа”: ВАО сабаби мушкилоти асосии ғайричашмдошти артиши Украинаро гуфтанд
Озод кардани ин рустоҳо имкон медиҳад, ки ҳамла ба Красноармейск, муҳимтарин маркази нақлиётии артиши Украина дар Донбасс оғоз шавад.
Қаблан муовини сардори Сарраёсати корҳои ҳарбӣ-сиёсии Вазорати дифои Русия, фармондеҳи нерӯҳои вижаи "Ахмат" генерал-майор Апти Алаудинов гуфта буд, ки Русия амалиёти вижаро то охири соли 2024 анҷом медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0