https://sputnik.tj/20240804/baho-sugd-khonandai-maktab-baho-girift-sharh-1063792805.html
Баҳои “2” ва “5”: дар Суғд чанд хонандаи мактаб баҳо гирифт? - шарҳи масъулини маориф
Баҳои “2” ва “5”: дар Суғд чанд хонандаи мактаб баҳо гирифт? - шарҳи масъулини маориф
Sputnik Тоҷикистон
Масъулони Раёсати маориф дар вилояти Суғд, дараҷаи сатҳи саводи хонандаҳои макотиб дар соли хонишро шарҳ доданд
2024-08-04T10:21+0500
2024-08-04T10:21+0500
2024-08-04T10:21+0500
дар тоҷикистон
хонанда
мактаб
баҳогузорӣ
маориф
суғд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/03/1063792635_0:0:3130:1762_1920x0_80_0_0_77a2c8c8d6819b078e1cdcf6a080dc34.jpg
ДУШАНБЕ, 3 авг – Sputnik. Бино ба иттилоъи ин ниҳод дар соли хониши 2023 -2024, 504136 хонанда дар макотиб таҳсил намуда, аз ин теъдод ҳамагӣ 504122 хонандагони синфҳои 2 - 11 баҳо гирифтаанд.Дар Идораи маорифи Суғд шарҳ доданд, ки дар соли хониши сипаришуда чанд хонандаи макотиб чоряки чорумро бо баҳои “2” ва чанд нафар бо баҳои “5” хатм кардааст.“Аз ҷумла бо баҳои “5” – 72862 нафар (14,4%), бо баҳои “4” – 175596 нафар (34,8%), бо баҳои “3” – 255457 нафар (50, 6%) ва бо баҳои “2” – 207 нафар (0,04%) хонандагон чоряки чорумро ҷамбаст намуданд”- иттилоъ доданд, дар Идораи маориф.Ба ин тартиб азхудкунии барномаҳои таълимӣ 99,9 фоиз ва сифати таҳсилот ба 49, 2 фоиз баробар шудааст.Мъулони Идораи маориф гуфтанд, ки 221 хонандае, ки бо сабаб ба имтиҳонсупорӣ ҳозир нашуданд ва ё аз имтиҳон баҳои "2" гирифтаан, муваззафанд, ки қабл аз шурӯъи дарсҳои соли нави хониш дубора имтиҳони гузариш супоранд.Тибқи иттилои расмӣ, соли таҳсили 2023 – 2024 дар вилояти Суғд 952 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ амал карда, дар онҳо наздики 570 ҳазор нафар, аз ҷумла 280 ҳазор духтарон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Шумори духтарон дар муқоиса ба соли қаблӣ 1133 нафар кам шудааст.Дар Тоҷикистон шурӯъ аз соли хониши 2024 -2025 таҳсили зинаи сеюм барои хонандаҳои мактаб ҳатмӣ гардонида шуд. Ба ин тартиб минбаъ ҳар як хонандаи мактаб, дар синфи 1 - 11 мактаб таҳсил менамояд.
https://sputnik.tj/20240726/vaziri-maorif-norasoii-omuzgor-maktab-1063674440.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/03/1063792635_275:0:3006:2048_1920x0_80_0_0_a70d7d44d053d3a2bec8fc90c63cc78a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, маориф, мактаб, хонанда , баҳо, суғд
тоҷикистон, маориф, мактаб, хонанда , баҳо, суғд
Баҳои “2” ва “5”: дар Суғд чанд хонандаи мактаб баҳо гирифт? - шарҳи масъулини маориф
Масъулони Раёсати маориф дар вилояти Суғд, дараҷаи сатҳи саводи хонандаҳои макотиб дар соли хонишро шарҳ доданд
ДУШАНБЕ, 3 авг – Sputnik. Бино ба иттилоъи ин ниҳод дар соли хониши 2023 -2024, 504136 хонанда дар макотиб таҳсил намуда, аз ин теъдод ҳамагӣ 504122 хонандагони синфҳои 2 - 11 баҳо гирифтаанд.
Дар Идораи маорифи Суғд шарҳ доданд, ки дар соли хониши сипаришуда чанд хонандаи макотиб чоряки чорумро бо баҳои “2” ва чанд нафар бо баҳои “5” хатм кардааст.
“Аз ҷумла бо баҳои “5” – 72862 нафар (14,4%), бо баҳои “4” – 175596 нафар (34,8%), бо баҳои “3” – 255457 нафар (50, 6%) ва бо баҳои “2” – 207 нафар (0,04%) хонандагон чоряки чорумро ҷамбаст намуданд”- иттилоъ доданд, дар Идораи маориф.
Ба ин тартиб азхудкунии барномаҳои таълимӣ 99,9 фоиз ва сифати таҳсилот ба 49, 2 фоиз баробар шудааст.
Мъулони Идораи маориф гуфтанд, ки 221 хонандае, ки бо сабаб ба имтиҳонсупорӣ ҳозир нашуданд ва ё аз имтиҳон баҳои "2" гирифтаан, муваззафанд, ки қабл аз шурӯъи дарсҳои соли нави хониш дубора имтиҳони гузариш супоранд.
Тибқи иттилои расмӣ, соли таҳсили 2023 – 2024 дар вилояти Суғд 952 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ амал карда, дар онҳо наздики 570 ҳазор нафар, аз ҷумла 280 ҳазор духтарон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Шумори духтарон дар муқоиса ба соли қаблӣ 1133 нафар кам шудааст.
Дар Тоҷикистон шурӯъ аз соли хониши 2024 -2025 таҳсили зинаи сеюм барои хонандаҳои мактаб ҳатмӣ гардонида шуд. Ба ин тартиб минбаъ ҳар як хонандаи мактаб, дар синфи 1 - 11 мактаб таҳсил менамояд.