Тоҷикистон содироти маҳсулоташро ба хориҷи кишвар ба 1 млрд доллар расонд

© Foto / Пресс-служба председателя Согдийской областиАштские абрикосы ежедневно экспортируют в Россию и Казахстан
Аштские абрикосы ежедневно экспортируют в Россию и Казахстан  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2024
Обуна шудан
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки аз ҷумҳурӣ дар шаш моҳ ба хориҷи кишвар ба маблағи беш аз 990 миллион доллар маҳсулот содирот шудааст
ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Дар шаш моҳи аввали имсол аз Тоҷикистон ба маблағи беш аз 997 млн доллар маҳсулот содирот шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 319 млн доллар зиёд мебошад.
Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии содироти Тоҷикистон Баҳриддин Сироҷиддинзода хабар дод.
Директори агентӣ афзуд, ки ҳаҷми содироти маҳсулоти саноатӣ дар ин давра 969 млн долларро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 314,5 млн доллар зиёд гардидааст.
Маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳаҷми 77,1 ҳазор тонна ба маблағи 28,8 млн доллар содирот шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,7 млн доллар зиёд мебошад.
Работа грузового контейнерного терминала - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.07.2024
Воридот бештар аз содирот: Мақомоти Суғд гуфт бо хориҷ чӣ қадар савдо кардааст
Ҳамчунин раиси Агентӣ гуфт, ки дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд барои зиёд кардани иқтидори содиротии Тоҷикистон тавассути таъсиси марказҳои тақсимоти яклухти маҳсулот ва корхонаҳои муштарак барои харид, захира, бандубаст, маҷмааҳои анбори нигоҳдории маҳсулот, аз ҷумла анбори сард нигоҳ доштани маҳсулот, минтақаҳои омоданамоии пешазсодиротии маҳсулот, истгоҳи мошинаҳои боркаш ва содироти минбаъдаи маҳсулоти кишоварзӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Вай илова кард, ки дар ин робита қарори Раиси ноҳияи Ҷайҳун оид ба ҷудо намудани қитъаи замин дар масоҳати 1,7 гектар аз ҳисоби заминҳои таъйиноти саноатӣ барои бунёди парки технологию логистикӣ қабул гардида, ҳоло масъалаи тарҳрезии инфрасохтори ин иншоот амалӣ шудааст.
Қайд карда шуд, ки маҳсулоти истеҳсолшуда босифат ва аз ҷиҳати экологӣ тоза буда, ба таъмини талаботи бозори дохилӣ ва содироти минбаъдаи он ба хориҷи ҷумҳурӣ равона мешавад.
Лентаи хабарҳо
0