https://sputnik.tj/20240803/kishvarhoi-iiao-rusiya-sodirot-benzin-khorij-man-1063791052.html
Ин ба кишварҳои ИИАО таъсир намерасонад: Русия боз содироти бензин ба хориҷро манъ кард
Ин ба кишварҳои ИИАО таъсир намерасонад: Русия боз содироти бензин ба хориҷро манъ кард
Sputnik Тоҷикистон
Коршиносон бар ин боваранд, ки барқарорсозии манъ содироти маводи сӯхт аз Русия боиси нигаронии зиёд дар бархе кишварҳои ИДМ шудааст
2024-08-03T19:25+0500
2024-08-03T19:25+0500
2024-08-03T19:25+0500
бензин
русия
дар русия
ииао
сузишворӣ
идм
содирот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102127/68/1021276865_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_1c2f6268e7902a0e1491f3c273db1539.jpg
ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Русия манъи содироти бензинро ба хориҷ аз 1 август тамдид кард, маҳдудиятҳо то моҳи октябр идома хоҳанд ёфт.Ёдовар мешавем, ки аз 1 март ба муддати шаш моҳ - то 1 сентябр ҳукумати Русия содироти бензин ба хориҷи кишварро ба истиснои кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё манъ кард. Аммо баъдтар, дар охири моҳи май, маҳдудиятҳо бардошта шуданд.Муовини сарвазири Русия Александр Новак хабар дод, ки манъ содирот аз 1 август аз сар гирифта мешавад.Рӯзе пештар муовини раиси вазорати энержии Русия Павел Сорокин эълон кард, ки ҳукумати Русия ба хотири ба эътидол овардани бозори дохилӣ, захира кардани он ва ҷилавгирӣ аз болоравии якбораи нархҳо, аз ҷумла нархи яклухт тасмим гирифтааст, ин мамнӯъиятро тамдид кунад.Қаблан, соли гузашта кабинаи вазирони Русия аллакай манъи содироти бензинро ҷорӣ карда буд.Бояд гуфт, ки мақомоти Тоҷикистон мегӯяд, ки ба ҷумҳурӣ танҳо аз Русия дар шаш моҳи соли равон 524,2 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид шудаастДар нимсолаи якуми соли равон аз ҳисоби соҳибкорон ва ҷамъиятҳои ватанӣ маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ аз ҳамаи давлатҳо ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 783,8 ҳазор тонна ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023, дар ҳаҷми 73,5 ҳазор тонна ё 10,3 % зиёд мебошад.Ба иттилои вазорати энергетикаи Тоҷикистон, дар доираи тавозуни индикативӣ воридоти маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ аз Русия ба ҷумҳурӣ 524,2 ҳазор тоннаро ташкил намуд.
https://sputnik.tj/20240802/nikaragua-mekhokhad-iiao-kishvari-nozir-1063784194.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102127/68/1021276865_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_472cc297f7114950b69a81ff658d8b5e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ииао, русия, содирот, хориҷӣ, идм, содирот, маҳсулоти нафтӣ, бензин
тоҷикистон, ииао, русия, содирот, хориҷӣ, идм, содирот, маҳсулоти нафтӣ, бензин
Ин ба кишварҳои ИИАО таъсир намерасонад: Русия боз содироти бензин ба хориҷро манъ кард
Коршиносон бар ин боваранд, ки барқарорсозии манъ содироти маводи сӯхт аз Русия боиси нигаронии зиёд дар бархе кишварҳои ИДМ шудааст
ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Русия манъи содироти бензинро ба хориҷ аз 1 август тамдид кард, маҳдудиятҳо то моҳи октябр идома хоҳанд ёфт.
Ёдовар мешавем, ки аз 1 март ба муддати шаш моҳ - то 1 сентябр ҳукумати Русия содироти бензин ба хориҷи кишварро ба истиснои кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё манъ кард. Аммо баъдтар, дар охири моҳи май, маҳдудиятҳо бардошта шуданд.
Муовини сарвазири Русия Александр Новак хабар дод, ки манъ содирот аз 1 август аз сар гирифта мешавад.
Рӯзе пештар муовини раиси вазорати энержии Русия Павел Сорокин эълон кард, ки ҳукумати Русия ба хотири ба эътидол овардани бозори дохилӣ, захира кардани он ва ҷилавгирӣ аз болоравии якбораи нархҳо, аз ҷумла нархи яклухт тасмим гирифтааст, ин мамнӯъиятро тамдид кунад.
Қаблан, соли гузашта кабинаи вазирони Русия аллакай манъи содироти бензинро ҷорӣ карда буд.
Бояд гуфт, ки мақомоти Тоҷикистон мегӯяд, ки ба ҷумҳурӣ танҳо аз Русия дар шаш моҳи соли равон 524,2 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид шудааст
Дар нимсолаи якуми соли равон аз ҳисоби соҳибкорон ва ҷамъиятҳои ватанӣ маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ аз ҳамаи давлатҳо ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 783,8 ҳазор тонна ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023, дар ҳаҷми 73,5 ҳазор тонна ё 10,3 % зиёд мебошад.
Ба иттилои вазорати энергетикаи Тоҷикистон, дар доираи тавозуни индикативӣ воридоти маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ аз Русия ба ҷумҳурӣ 524,2 ҳазор тоннаро ташкил намуд.