https://sputnik.tj/20240803/karzdoron-kalon-tochikiston-1063787275.html
"Қарздорон"-и калон дар Тоҷикистон
"Қарздорон"-и калон дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон қарзи умумии корхонаҳое, ки дар он давлат саҳм дорад беш аз 60 миллиард сомониро ташкил медиҳад
2024-08-03T10:21+0500
2024-08-03T10:21+0500
2024-08-03T10:21+0500
тасвирбаён
коргоҳ
қарзҳо
"барқи тоҷик"
саноат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/02/1063778631_0:0:1333:749_1920x0_80_0_0_fb775ec0bfb22fc1641997fd53babdd6.jpg
Аксари корхонаҳои калоне, ки дар он давлат саҳм дорад зараррасон мебошанд, ки барои суботи молиявии кишвар хатарҳои ҷиддии молӣ ба вуҷуд меоранд.Ба ин тартиб, қарзи 27 корхона бо ширкати давлат, ки назорати фаъолияти онҳо ба дӯши Вазорати молияи Тоҷикистон вогузор шудааст, дар охири соли 2023 ба 60,8 млрд сомонӣ баробар шудааст. Ин нишондиҳанда ба 46,5 фоизи ММД баробар аст.Дар аввали ин феҳрист ширкати энержии “Барқи тоҷик” қарор дорад.Пас аз таҷдиди сохтор ду ширкати мустақил таъсис ёфт, ки дар шакли ҶСК вуҷуд доранд ва ба интиқол ва тақсими нерӯи барқ ба истеъмолкунандагони ниҳоӣ машғуланд.Қарзи умумии собиқ холдинги энергетикии “Барқи тоҷик” бо шумули қарзҳо барои лоиҳаҳои энергетикӣ аз 37,4 миллиард сомонӣ (ҳудуди 3,4 миллиард доллар) гузаштааст.Аммо қарзи умумии тамоми истеъмолкунандагони нерӯи барқ аз ширкати “Барқи тоҷик” ҳамагӣ ҳудуди 3,6 млрд сомониро ташкил медиҳад.Баъд аз “Барқи тоҷик” дар феҳрист неругоҳи барқи обии Роғун қарор дорад, ки қарзи он 9,3 млрд сомониро ташкил медиҳад.Аз ҷумлаи қарздорони намоёни дигар корхонаҳои ТАЛКО, Роҳи оҳани Тоҷикистон ва Тоҷиктрансгаз ҳастанд, ки қарзи умумии онҳо дар охири соли 2023 2,3 млрд сомониро ташкил додааст.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/02/1063778631_154:0:1153:749_1920x0_80_0_0_b055411c09eb2f443027719759cd32ae.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тасвирбаён, қарздор, барқи тоҷик, корхона, саноат, миллиард
тасвирбаён, қарздор, барқи тоҷик, корхона, саноат, миллиард
"Қарздорон"-и калон дар Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон қарзи умумии корхонаҳое, ки дар он давлат саҳм дорад, беш аз 60 миллиард сомониро ташкил медиҳад
Аксари корхонаҳои калоне, ки дар он давлат саҳм дорад зараррасон мебошанд, ки барои суботи молиявии кишвар хатарҳои ҷиддии молӣ ба вуҷуд меоранд.
Ба ин тартиб, қарзи 27 корхона бо ширкати давлат, ки назорати фаъолияти онҳо ба дӯши Вазорати молияи Тоҷикистон вогузор шудааст, дар охири соли 2023 ба 60,8 млрд сомонӣ баробар шудааст. Ин нишондиҳанда ба 46,5 фоизи ММД баробар аст.
Дар аввали ин феҳрист ширкати энержии “Барқи тоҷик” қарор дорад.
Пас аз таҷдиди сохтор ду ширкати мустақил таъсис ёфт, ки дар шакли ҶСК вуҷуд доранд ва ба интиқол ва тақсими нерӯи барқ ба истеъмолкунандагони ниҳоӣ машғуланд.
Қарзи умумии собиқ холдинги энергетикии “Барқи тоҷик” бо шумули қарзҳо барои лоиҳаҳои энергетикӣ аз 37,4 миллиард сомонӣ (ҳудуди 3,4 миллиард доллар) гузаштааст.
Аммо қарзи умумии тамоми истеъмолкунандагони нерӯи барқ аз ширкати “Барқи тоҷик” ҳамагӣ ҳудуди 3,6 млрд сомониро ташкил медиҳад.
Баъд аз “Барқи тоҷик” дар феҳрист неругоҳи барқи обии Роғун қарор дорад, ки қарзи он 9,3 млрд сомониро ташкил медиҳад.
Аз ҷумлаи қарздорони намоёни дигар корхонаҳои ТАЛКО, Роҳи оҳани Тоҷикистон ва Тоҷиктрансгаз ҳастанд, ки қарзи умумии онҳо дар охири соли 2023 2,3 млрд сомониро ташкил додааст.