https://sputnik.tj/20240802/hukumat-tolibon-sababi-kohishi-sodiroti-angishti-tojikiston-1063781773.html
Тасмими ҳукумати Толибон* сабаби коҳиши содироти ангишти Тоҷикистон шуд
Тасмими ҳукумати Толибон* сабаби коҳиши содироти ангишти Тоҷикистон шуд
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон сабаби коҳиши содироти ангишт ба Покистон ва Афғонистонро ба боло бурдани арзиши транзитӣ аз сӯи ҳукумати толибон рабт дод
2024-08-02T16:21+0500
2024-08-02T16:21+0500
2024-08-03T00:36+0500
дар тоҷикистон
ангишт
содирот
афғонистон
покистон
боҷ
толибон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/02/1063782609_0:320:3072:2048_1920x0_80_0_0_5670f53a794c598d7b19dda5b2392806.jpg
ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Ба иттилои вазорати саноати Тоҷикистон содироти ангишт дар ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2024 ба ҳаҷми 43,5 ҳаз. тонна ба маблағи 1,7 млн долларро ташкил додааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи сипаригардида ба ҳаҷми 60,2 ҳазор тонна кам мебошад.Аз ҷумла, Тоҷикистон дар ин давра содироти ангиштро ба Афғонистон – 17,9 ҳазор тонна ва Покистон – 65,7 ҳазор тонна кам кардаанд.Дар баробари ин содироти ангишт ба Ӯзбекистон пайваста афзоиш ёфта, дар ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2024 ба ҳаҷми 24,2 ҳазор тонна зиёд ба қайд гирифта шудааст.Вазорати саноат сабаҳои асосии кам шудани содироти ангиштро ба болоравии арзиши транзитӣ аз 7$ то 40-55$ тариқи Афғонистон ба Покистон, гум гардидани қобилияти рақобатпазирии нархи ангишти содиротшаванда дар бозори Покистон ва коҳиш ёфтани нархи фурӯши ангишт дар бозори ҷаҳонӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 рабт додааст.Ба итттилои вазорати саноат дар ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2024 истихроҷи ангишт аз ҷониби 12 корхона дар 9 кон ба роҳ монда шуда, истихроҷи ангишт 946,6 ҳазор тоннаро ташкил дод.Бақияи ангишт ба ҳолати 1 июли соли равон дар анбори корхонаҳои соҳа бо назардошти бақияи ангишти солҳои пешин зиёда аз 566,5 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, ки нисбат ба аввали соли 2024 ба ҳаҷми 314 ҳазор тонна афзоиш ёфтааст.Истихроҷи ангишт нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида ба ҳаҷми 195,5 ҳазор тонна зиёд гардидааст. 11Ба иттилои манбаъ, дар давраи ҳисоботӣ 369,3 ҳазор тонна 39% аз тарафи корхонаҳои давлатӣ ва 577,3 ҳазор тонна ангишт ё 61% аз тарафи корхонаҳои хусусӣ истихроҷ карда шудааст.Аз ҳаҷми ангишти истихроҷгардида 540 ҳазор тонна 57% бо тарзи кушод ва 407 ҳазор тонна 43% бо тарзи зеризаминӣ истихроҷ гардидааст.*-гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.
https://sputnik.tj/20231012/istikhroji-besh-az-1-mln-ton-angisht-dar-viloyati-sughd-1059925385.html
афғонистон
покистон
толибон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/02/1063782609_154:0:2885:2048_1920x0_80_0_0_c48eda5d4607943e7b54240a4a9b883f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, толибон, афғонистон, покистон, боҷи транзитӣ, содирот, ангишт, саноат
тоҷикистон, толибон, афғонистон, покистон, боҷи транзитӣ, содирот, ангишт, саноат
Тасмими ҳукумати Толибон* сабаби коҳиши содироти ангишти Тоҷикистон шуд
16:21 02.08.2024 (Навсозишуда: 00:36 03.08.2024) Мақомоти Тоҷикистон сабаби коҳиши содироти ангишт ба Покистон ва Афғонистонро ба боло бурдани арзиши транзитӣ аз сӯи ҳукумати толибон* рабт дод
ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Ба иттилои вазорати саноати Тоҷикистон содироти ангишт дар ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2024 ба ҳаҷми 43,5 ҳаз. тонна ба маблағи 1,7 млн долларро ташкил додааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи сипаригардида ба ҳаҷми 60,2 ҳазор тонна кам мебошад.
Аз ҷумла, Тоҷикистон дар ин давра содироти ангиштро ба Афғонистон – 17,9 ҳазор тонна ва Покистон – 65,7 ҳазор тонна кам кардаанд.
Дар баробари ин содироти ангишт ба Ӯзбекистон пайваста афзоиш ёфта, дар ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2024 ба ҳаҷми 24,2 ҳазор тонна зиёд ба қайд гирифта шудааст.
Вазорати саноат сабаҳои асосии кам шудани содироти ангиштро ба болоравии арзиши транзитӣ аз 7$ то 40-55$ тариқи Афғонистон ба Покистон, гум гардидани қобилияти рақобатпазирии нархи ангишти содиротшаванда дар бозори Покистон ва коҳиш ёфтани нархи фурӯши ангишт дар бозори ҷаҳонӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 рабт додааст.
Ба итттилои вазорати саноат дар ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2024 истихроҷи ангишт аз ҷониби 12 корхона дар 9 кон ба роҳ монда шуда, истихроҷи ангишт 946,6 ҳазор тоннаро ташкил дод.
Бақияи ангишт ба ҳолати 1 июли соли равон дар анбори корхонаҳои соҳа бо назардошти бақияи ангишти солҳои пешин зиёда аз 566,5 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, ки нисбат ба аввали соли 2024 ба ҳаҷми 314 ҳазор тонна афзоиш ёфтааст.
Истихроҷи ангишт нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида ба ҳаҷми 195,5 ҳазор тонна зиёд гардидааст. 11
Ба иттилои манбаъ, дар давраи ҳисоботӣ 369,3 ҳазор тонна 39% аз тарафи корхонаҳои давлатӣ ва 577,3 ҳазор тонна ангишт ё 61% аз тарафи корхонаҳои хусусӣ истихроҷ карда шудааст.
Аз ҳаҷми ангишти истихроҷгардида 540 ҳазор тонна 57% бо тарзи кушод ва 407 ҳазор тонна 43% бо тарзи зеризаминӣ истихроҷ гардидааст.
*-гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.