https://sputnik.tj/20240801/tojikiston-qabuli-khonandagon-sinfi-yakum-oghoz-1063751262.html
Дар Тоҷикистон 1 август қабули хонандагон ба синфи якум оғоз гардид
Дар Тоҷикистон 1 август қабули хонандагон ба синфи якум оғоз гардид
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози қабули хонандагони синфи якум барои соли таҳсили 2024-2025 хабар дод
2024-08-01T10:41+0500
2024-08-01T10:41+0500
2024-08-01T12:08+0500
дар тоҷикистон
маориф
хонанда
хонандагони синфи 1-ум
қабул
мактаб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/0b/1045771944_0:0:3093:1739_1920x0_80_0_0_350f3049ebcadf107c705626cb6d19e6.jpg
ДУШАНБЕ, 31 июл – Sputnik. Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар додааст, ки имсол кӯдаконе, ки то 31 декабри соли 2017 таваллуд шудаанд, ба синфи якум мераванд. Агар кӯдак 1 январи соли 2018 таваллуд шуда бошад, ба синфи якум қабул карда намешавад.Қайд карда шудааст, ки дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои ба синфи якум қабул намудани хонандагон аз волидайн ҳуҷҷатҳои зерин талаб кардааст:Ҳамзамон масъулини вазорат таъкид намудаанд, ки дар тамоми муассисаҳои таълимӣ кӯдакон ба синфи якум ба тариқи ройгон қабул карда мешаванд."Қабули кӯдакон ба гурӯҳҳои забони таҳсилашон тоҷикӣ ва русии муассисаҳои таълимӣ (муассисаҳои таълимии шакли нав ва хусусӣ, бе назардошти маблағи шартнома) дар асоси моддаи 41 Конститутсияи Тоҷикистон, моддаҳои 6 ва 16 Қонуни Тоҷикистон "Дар бораи маориф", банди 7 ва 38 Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба тариқи ройгон анҷом дода мешавад", -хабар додааст вазорати маориф.Ба гуфтаи масъулини вазорат дар ҳолати аз ҷониби масъулини маорифи шаҳри Душанбе талаб намудани маблағ барои қабули кӯдак ба синфи якум волидайн бояд аз масъулин расид барои маблағ талаб намоянд ва ё арзу шикояташонро тариқи телефони боварии Сарраёсати маорифи шаҳр занг зада шикоят намоянд.
https://sputnik.tj/20240726/vaziri-maorif-norasoii-omuzgor-maktab-1063674440.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/0b/1045771944_123:0:2854:2048_1920x0_80_0_0_9fe7fad1db4155cf87ba8fc32352ee59.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоыикистон, синфи як, цабули хонанда, о-оз, маориф, мактаб
тоыикистон, синфи як, цабули хонанда, о-оз, маориф, мактаб
Дар Тоҷикистон 1 август қабули хонандагон ба синфи якум оғоз гардид
10:41 01.08.2024 (Навсозишуда: 12:08 01.08.2024) Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози қабули хонандагони синфи якум барои соли таҳсили 2024-2025 хабар дод
ДУШАНБЕ, 31 июл – Sputnik. Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар додааст, ки имсол кӯдаконе, ки то 31 декабри соли 2017 таваллуд шудаанд, ба синфи якум мераванд. Агар кӯдак 1 январи соли 2018 таваллуд шуда бошад, ба синфи якум қабул карда намешавад.
Қайд карда шудааст, ки дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои ба синфи якум қабул намудани хонандагон аз волидайн ҳуҷҷатҳои зерин талаб кардааст:
аризаи волидайн оид ба қабул,
шаҳодатномаи таваллуди кӯдак,
дунусхагӣ шиносномаи волидайн,
шаҳодатномаи ақди никоҳ ва маълумотнома аз ҷой зист.
Ҳамзамон масъулини вазорат таъкид намудаанд, ки дар тамоми муассисаҳои таълимӣ кӯдакон ба синфи якум ба тариқи ройгон қабул карда мешаванд.
"Қабули кӯдакон ба гурӯҳҳои забони таҳсилашон тоҷикӣ ва русии муассисаҳои таълимӣ (муассисаҳои таълимии шакли нав ва хусусӣ, бе назардошти маблағи шартнома) дар асоси моддаи 41 Конститутсияи Тоҷикистон, моддаҳои 6 ва 16 Қонуни Тоҷикистон "Дар бораи маориф", банди 7 ва 38 Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба тариқи ройгон анҷом дода мешавад", -хабар додааст вазорати маориф.
Ба гуфтаи масъулини вазорат дар ҳолати аз ҷониби масъулини маорифи шаҳри Душанбе талаб намудани маблағ барои қабули кӯдак ба синфи якум волидайн бояд аз масъулин расид барои маблағ талаб намоянд ва ё арзу шикояташонро тариқи телефони боварии Сарраёсати маорифи шаҳр занг зада шикоят намоянд.