https://sputnik.tj/20240730/suporishi-rahmon-ba-hukumat-rushdi-iqtisodro-dar-sathi-na-kam-az-8-foiz-tamin-namoed-1063723420.html
Супориши Раҳмон ба ҳукумат: Рушди иқтисодро дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин намоед
Супориши Раҳмон ба ҳукумат: Рушди иқтисодро дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин намоед
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар маҷлиси навбатӣ ба Ҳукумати кишвар супориш дод, ки барои ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар тадбирҳои иловагӣ андешанд
2024-07-30T15:06+0500
2024-07-30T15:06+0500
2024-07-30T15:06+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
рушд
иқтисод
маҷлис
ҳукумат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/1e/1063721175_84:0:2048:1105_1920x0_80_0_0_a6fa1f67c61fc9794937ecee5e91f624.jpg
ДУШАНБЕ, 30 июл – Sputnik. Раисҷумҳури кишвар ҳукумати кишварро вазифадор кард, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор мушкилоту монеаҳои мавҷударо бартараф намоянд ва суръати рушди иқтисоди кишварро дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин намоянд.Эмомалӣ Раҳмон аз ҳукумати кишвар талаб кард, ки нақшаҳои пешбинишударо босифат ва сари вақт иҷро намоянд.Кишвардори Тоҷикистон иброз дошт, ки бо амалӣ гардидани иқдомҳои созанда ва пайгиронаи Ҳукумат дар моҳҳои январ-июни соли 2024 тамоюли мусбати рушди иқтисоди миллӣ нигоҳ дошта шуд.Раисҷумҳур қайд кард, ки дар моҳҳои январ-июни соли 2024 суръати рушди иқтисодии кишвар дар сатҳи 8,2 фоиз таъмин шуда, ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба 61,7 млрд сомонӣ баробар гардид.“Рушди иқтисоди миллӣ дар ин давра асосан аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 11,5, кишоварзӣ 9,6, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 15,7, гардиши савдо 11,9, хизматрасонии пулакӣ 16,6, боркашонӣ 13,8, мусофиркашонӣ 9 ва гардиши савдои хориҷӣ 29,3 фоиз таъмин гардид”, - таъкид кард Раҳмон.Президенти кишвар ҳамчунин илова кард, ки ки сатҳи таваррум дар ин давра 1,9 фоизро ташкил дод.Нақшаи даромади буҷети давлатӣ бошад дар моҳҳои январ-июни соли 2024 дар сатҳи 107,9 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 21,2 млрд сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақша 1,5 млрд сомонӣ зиёд аст.
https://sputnik.tj/20240408/vazir-iqtisod-daromadi-tojikiston-1062379826.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/1e/1063721175_175:0:1995:1365_1920x0_80_0_0_a7246ea969b4605f55dec0d7be8e7c02.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, рушд, ҳукумат, иқтисод, эмомалӣ раҳмон, маҷлис,
тоҷикистон, рушд, ҳукумат, иқтисод, эмомалӣ раҳмон, маҷлис,
Супориши Раҳмон ба ҳукумат: Рушди иқтисодро дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин намоед
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар маҷлиси навбатӣ ба Ҳукумати кишвар супориш дод, ки барои ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар тадбирҳои иловагӣ андешанд
ДУШАНБЕ, 30 июл – Sputnik. Раисҷумҳури кишвар ҳукумати кишварро вазифадор кард, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор мушкилоту монеаҳои мавҷударо бартараф намоянд ва суръати рушди иқтисоди кишварро дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин намоянд.
Эмомалӣ Раҳмон аз ҳукумати кишвар талаб кард, ки нақшаҳои пешбинишударо босифат ва сари вақт иҷро намоянд.
Кишвардори Тоҷикистон иброз дошт, ки бо амалӣ гардидани иқдомҳои созанда ва пайгиронаи Ҳукумат дар моҳҳои январ-июни соли 2024 тамоюли мусбати рушди иқтисоди миллӣ нигоҳ дошта шуд.
“Раванди афзоиши ҳаҷми истеҳсолот дар аксар соҳаҳои воқеии иқтисоди миллӣ идома ёфт”, - қайд кард Раҳмон.
Раисҷумҳур қайд кард, ки дар моҳҳои январ-июни соли 2024 суръати рушди иқтисодии кишвар дар сатҳи 8,2 фоиз таъмин шуда, ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба 61,7 млрд сомонӣ баробар гардид.
“Рушди иқтисоди миллӣ дар ин давра асосан аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 11,5, кишоварзӣ 9,6, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 15,7, гардиши савдо 11,9, хизматрасонии пулакӣ 16,6, боркашонӣ 13,8, мусофиркашонӣ 9 ва гардиши савдои хориҷӣ 29,3 фоиз таъмин гардид”, - таъкид кард Раҳмон.
Президенти кишвар ҳамчунин илова кард, ки ки сатҳи таваррум дар ин давра 1,9 фоизро ташкил дод.
Нақшаи даромади буҷети давлатӣ бошад дар моҳҳои январ-июни соли 2024 дар сатҳи 107,9 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 21,2 млрд сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақша 1,5 млрд сомонӣ зиёд аст.