https://sputnik.tj/20240730/rahmon-tehron-ishtiroki-marosimi-savgandyodkuni-pizishkiyon-1063719450.html
Раҳмон дар Теҳрон: Иштироки раисҷумҳур дар маросими савгандёдкунии Пизишкиён
Раҳмон дар Теҳрон: Иштироки раисҷумҳур дар маросими савгандёдкунии Пизишкиён
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар маросими савгандёдкунии Президенти навинтихоби Эрон Масъуди Пизишкиён вориди шаҳри Теҳрон шуд
2024-07-30T11:49+0500
2024-07-30T11:49+0500
2024-07-30T12:07+0500
дар тоҷикистон
эрон
масъуд пизишкиён
маросими савгандёдкунӣ
эмомалӣ раҳмон
теҳрон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/1e/1063719135_0:98:953:634_1920x0_80_0_0_ceb2aa051bd2f3e7d8cf2b3fb27a6124.jpg
ДУШАНБЕ, 30 июл – Sputnik. Дар фурудгоҳи байналмилалии Теҳрон Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақом ва шахсони расмии Эрон истиқбол гирифтанд.Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, ба хотири пазироии раисҷумҳури Тоҷикистон роҳрав бо қолини сурх густурда шуда, аз ду канори он қаровули фахрӣ саф кашид.Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур зимни боздиди корӣ аз Теҳрон як зумра мулоқотҳои дуҷониба ва дидору гуфтугӯҳо низ дар назар аст.Ба гузориши хабарнигори ИРНА, Эмомалӣ Раҳмони раисҷумҳури Тоҷикистон дақоиқи қабл бо Муҳаммадбоқири Қолибоф раиси маҷлиси Шӯрои исломии дидор ва гуфтугӯ кард.Ёдовар мешавем, ки Масъуди Пизишкиён бо касби аксарияти оро дар даври дувуми чаҳордаҳумин давраи интихоботи раёсатҷумҳурӣ, раисҷумҳури мунтахаби мардуми Эрон шуд.Масъуди Пизишкиён аз маҷмӯъи 30 миллиону 530 ҳазору 157 раъй, тавонист бо касби 16 миллиону 384 ҳазору 403 раъй, нӯҳумин раисҷумҳури мунтахаби Эрон шавад.
https://sputnik.tj/20240706/ismi-prezidenti-navi-eron-malum-shud-intikhob-1063436204.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/1e/1063719135_89:88:847:656_1920x0_80_0_0_14c6c8fe75175fdbfabd986dadb9d238.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, сафар, теҳрон, маросим савгандёдкунӣ, пизишкиён
тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, сафар, теҳрон, маросим савгандёдкунӣ, пизишкиён
Раҳмон дар Теҳрон: Иштироки раисҷумҳур дар маросими савгандёдкунии Пизишкиён
11:49 30.07.2024 (Навсозишуда: 12:07 30.07.2024) Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар маросими савгандёдкунии Президенти навинтихоби Эрон Масъуди Пизишкиён вориди шаҳри Теҳрон шуд
ДУШАНБЕ, 30 июл – Sputnik. Дар фурудгоҳи байналмилалии Теҳрон Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақом ва шахсони расмии Эрон истиқбол гирифтанд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ба хотири пазироии раисҷумҳури Тоҷикистон роҳрав бо қолини сурх густурда шуда, аз ду канори он қаровули фахрӣ саф кашид.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур зимни боздиди корӣ аз Теҳрон як зумра мулоқотҳои дуҷониба ва дидору гуфтугӯҳо низ дар назар аст.
Ба гузориши хабарнигори ИРНА, Эмомалӣ Раҳмони раисҷумҳури Тоҷикистон дақоиқи қабл бо Муҳаммадбоқири Қолибоф раиси маҷлиси Шӯрои исломии дидор ва гуфтугӯ кард.
Ёдовар мешавем, ки Масъуди Пизишкиён бо касби аксарияти оро дар даври дувуми чаҳордаҳумин давраи интихоботи раёсатҷумҳурӣ, раисҷумҳури мунтахаби мардуми Эрон шуд.
Масъуди Пизишкиён аз маҷмӯъи 30 миллиону 530 ҳазору 157 раъй, тавонист бо касби 16 миллиону 384 ҳазору 403 раъй, нӯҳумин раисҷумҳури мунтахаби Эрон шавад.