Хоманеӣ ба Раҳмон: Умедворем хати бостонии форсӣ низ дар Тоҷикистон эҳё шавад

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаВстреча Эмомали Рахмона с Аятоллой Али Хаменеи
Встреча Эмомали Рахмона с Аятоллой Али Хаменеи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.07.2024
Обуна шудан
Раҳбари Эрон дар дидор бо раисҷумҳури Тоҷикистон қайд кард, ки забони форсӣ яке аз иштирокоти муҳими Эрону Тоҷикистон ва Афғонистон аст
ДУШАНБЕ, 30 июл – Sputnik. Оятуллоҳи Хоманеӣ раҳбари муаззами инқилоби исломӣ зимни дидор бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки сиёсату увлавияти аслии Эрон густариши равобит бо кишварҳои минтақа ба вижаи кишварҳои ҳамзабону дорои фарҳанг, таъриху дини муштарак аст.
Вай таъкид кард, ки Эрон ҳамчун гузашта омодаи ҳамкории самимона бо Тоҷикистон дар заминаҳои мухталиф аст.
Раҳбари Эрон аз сафари раисҷумҳури Тоҷикистон ба Теҳрон барои ҳузур дар маросими таҳлифи раисҷумҳури Эрон изҳори қадрдонӣ кард.
Вай мақомоти ду кишварро заминасози густариши ҳамкориҳо хонд ва гуфт, забони форсӣ яке аз иштирокоти муҳими Эрону Тоҷикистон ва Афғонистон аст ва бояд барои ҳифзу густариши ин забон ва ҷилавгирӣ аз бархе талошҳо барои инзивои он, ҳамкориҳои бештарӣ анҷом шавад.
Памятник автору эпической поэмы Шахнаме торжественно открыли в СОГУ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.05.2023
Ҳаддоди Одил: Ду миллат Тоҷикистону Афғонистон посдори забони форсӣ ҳастанд
Хоманеӣ бо ташаккур аз иқдомоти раисҷумҳури Тоҷикистон барои густариши забони форсӣ изҳор умедворӣ кард: хати бостонии форсӣ низ дар Тоҷикистон шурӯъ шавад.
Раҳбари инқилоби исломӣ дар поён хотирнишон карданд: густариши равобити Эрону Тоҷикистон мухолифине дорад, ки бояд барои муқобила бо онҳо, барнома вуҷуд дошта бошад.
Дар ин дидор ки Муҳамадризои Ориф, муовини аввали раисҷумҳур низ ҳузур дошт , Эмомалӣ Раҳмон бо ибрози хурсандӣ фаровон аз дидори муҷаддад бо раҳбари инқилоб, ба музокироти худ бо оқои Пизишкён ишора кард ва гуфт: Ҳамонгуна ки чанд соли пеш ҷаноб олӣ фармудед ду кишвар хешованд ҳастанд ва мо бар густариши пеш аз пеши равобит ва истифода аз таҷорибу пешрафтҳои Эрон дар арсаҳои саломат, санъат ва илмӣ хосторем.
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар ин дидор ҳамчунин ба бархе иқдомоти худ барои густариши забони форсӣ дар ин кишвар ишора кард.
Лентаи хабарҳо
0