https://sputnik.tj/20240729/bozdoshti-tojikistoni-jinoyat-marbut-mavodi-mukhaddir-rusiya-1063709919.html
Боздошти беш аз 500 тоҷикистонӣ барои ҷиноятҳо марбут ба маводи мухаддир дар Русия
Боздошти беш аз 500 тоҷикистонӣ барои ҷиноятҳо марбут ба маводи мухаддир дар Русия
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон мегӯяд дар ҳудуди Русия барои ҷинояти марбут ба маводи мухаддир садҳо шаҳрванди ҷумҳурӣ боздошт шудааст
2024-07-29T16:11+0500
2024-07-29T16:11+0500
2024-07-29T16:11+0500
дар тоҷикистон
русия
маводи мухаддир
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
боздошт
шаҳрвандон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/04/0a/1062418935_0:184:2986:1864_1920x0_80_0_0_1c77c9a47949ad80a071af0fe542659d.jpg
ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Дар нимаи аввали соли 2024 дар Русия беш аз 500 шаҳрванди Тоҷикистон ба гумони даст доштан дар ҷиноятҳои марбут ба қочоқи маводи мухаддир боздошт шуданд.Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ Зафар Самад, директори Агентии назорати маводи нашъаоварии Тоҷикистон хабар дод."Мисли ҳарсола шумораи бештари боздоштшудаҳо дар Русия - 502 нафар, дар Ӯзбекистон 23 нафар, дар Қазоқистон 3 нафар ба қайд гирифта шудаанд", - гуфт ӯ.Самад қайд кард, ки агентӣ ин маълумотро аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи дигар кишварҳо гирифтааст.Дар маҷмӯъ, дар шаш моҳи соли равон дар хориҷи кишвар 528 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ бо гумони ҷиноятҳои марбут ба маводи мухаддир дастгир шудаанд, ки ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 82 нафар камтар боздошт шудааст.Соли гузашта дар шаш моҳи соли равон 610 нафар боздошт шуда буданд.Раиси Агентӣ афзуд, аз ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар хориҷи кишвар боздошт шудаанд, дар маҷмӯъ 96 кило маводи мухаддир мусодира шудааст.Самад ҳамчунин хабар дод, ки теъдоди шаҳрвандони хориҷии боздоштшуда барои қочоқи маводи мухаддир дар Тоҷикистон ду баробар афзоиш ёфтааст.Ба иттилои раиси Агентӣ дар нимаи аввали соли 2024 10 шаҳрванди хориҷӣ, ки панҷ нафараш шаҳрвандони Афғонистон, се нафар шаҳрвандони Узбекистон, як нафар шаҳрванди Қазоқистон ва як шаҳрванди Қирғизистон боздошт шудааст.Аз моҳи январ то июни соли гузашта дар ҷумҳурӣ панҷ шаҳрванди хориҷӣ барои чунин ҷиноятҳо боздошт шуда буданд.
https://sputnik.tj/20240729/khatlon-agenti-afzosh-gardish-mavod-mukhaddir-tojikiston-khabar-1063704303.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/04/0a/1062418935_128:0:2859:2048_1920x0_80_0_0_6f3d25a4697d3e5935542491fd97c76d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, маводи мухаддир, боздошт, шаҳрванд, тоҷикистонӣ, ҷиноят, русия
тоҷикистон, маводи мухаддир, боздошт, шаҳрванд, тоҷикистонӣ, ҷиноят, русия
Боздошти беш аз 500 тоҷикистонӣ барои ҷиноятҳо марбут ба маводи мухаддир дар Русия
Мақомоти Тоҷикистон мегӯяд, дар ҳудуди Русия барои ҷинояти марбут ба маводи мухаддир садҳо шаҳрванди ҷумҳурӣ боздошт шудааст
ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Дар нимаи аввали соли 2024 дар Русия беш аз 500 шаҳрванди Тоҷикистон ба гумони даст доштан дар ҷиноятҳои марбут ба қочоқи маводи мухаддир боздошт шуданд.
Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ Зафар Самад, директори Агентии назорати маводи нашъаоварии Тоҷикистон хабар дод.
"Мисли ҳарсола шумораи бештари боздоштшудаҳо дар Русия - 502 нафар, дар Ӯзбекистон 23 нафар, дар Қазоқистон 3 нафар ба қайд гирифта шудаанд", - гуфт ӯ.
Самад қайд кард, ки агентӣ ин маълумотро аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи дигар кишварҳо гирифтааст.
Дар маҷмӯъ, дар шаш моҳи соли равон дар хориҷи кишвар 528 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ бо гумони ҷиноятҳои марбут ба маводи мухаддир дастгир шудаанд, ки ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 82 нафар камтар боздошт шудааст.
Соли гузашта дар шаш моҳи соли равон 610 нафар боздошт шуда буданд.
Раиси Агентӣ афзуд, аз ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар хориҷи кишвар боздошт шудаанд, дар маҷмӯъ 96 кило маводи мухаддир мусодира шудааст.
Самад ҳамчунин хабар дод, ки теъдоди шаҳрвандони хориҷии боздоштшуда барои қочоқи маводи мухаддир дар Тоҷикистон ду баробар афзоиш ёфтааст.
Ба иттилои раиси Агентӣ дар нимаи аввали соли 2024 10 шаҳрванди хориҷӣ, ки панҷ нафараш шаҳрвандони Афғонистон, се нафар шаҳрвандони Узбекистон, як нафар шаҳрванди Қазоқистон ва як шаҳрванди Қирғизистон боздошт шудааст.
Аз моҳи январ то июни соли гузашта дар ҷумҳурӣ панҷ шаҳрванди хориҷӣ барои чунин ҷиноятҳо боздошт шуда буданд.