https://sputnik.tj/20240728/patrushev-sharh-kiev-mavzu-muzokirot-matrah-1063696803.html
Патрушев шарҳ дод, ки чаро Киев мавзӯъи музокиротро матраҳ мекунад
Патрушев шарҳ дод, ки чаро Киев мавзӯъи музокиротро матраҳ мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Ёвари раисҷумҳури Русия изҳороти Киев дар бораи музокиротро як найранг хонд, ки барои танаффус ба Украина лозим аст, то нерӯ барқарор кунад
2024-07-28T13:31+0500
2024-07-28T13:31+0500
2024-07-28T13:37+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
русия
украина
амалиёти вижа
музокирот
низоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/1d/1055828261_0:0:3234:1819_1920x0_80_0_0_05ec80bee531681a637dce857e2c814b.jpg
ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Гуфтугӯ дар бораи имкони музокира бо Маскав як найранги тактикии Киев ва Ғарб барои танаффус аст, зеро Русия дар амалиёти вижа бартарият дорад ва дар воқеъ режими Киев барои музокира ҳеҷ кори воқеӣ намекунад.Дар ин бора ёрдамчии президенти Федератсияи Русия Николай Патрушев дар "Шабакаи аввал" изҳор дошт."Сониян, дар ҷараёни амалиёти махсуси ҳарбӣ мо ҳоло бартарӣ дорем, ки Ғарб ва Украина ба барқарор кардани қувваи худ манфиатдоранд, ба онҳо мӯҳлат лозим аст. Аз ин рӯ, ҳамаи ин гуфтаҳо маҳз характери тактикии танаффус доранд. Воқеан, агар ба амалҳои онҳо назар кунем, онҳо барои роҳандозии музокироти сулҳ ҳеҷ чорае намеандешанд", - таъкид кард мавсуф.Маскав борҳо изҳор доштааст, ки ба музокирот омода аст, аммо Киев дар сатҳи қонунгузорӣ манъи музокиротро ҷорӣ кардааст. Ғарб ҳамеша музокироти Киев бо Русияро нодида мегирад.Ҳамзамон ФР изҳор дошт, ки музокирот музокирот бо воқеиятҳои рӯз ва боназардошти аҳдофи амалиёти вижа сурат хоҳад гирифт.Ёдовар мешавем, ки Русия аз 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомиро анҷом медиҳад.Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин вазифаи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд".Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижа озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.Кишварҳои ғарбӣ ширкат дар даргириҳо дар Украинаро расман рад мекунанд, аммо ба таъмини нирӯҳои мусаллаҳи Украина ба силоҳ идома медиҳанд.
https://sputnik.tj/20240727/guruhho-gharb-sharq-khatt-avval-amaliyot-vizha-mavqe-behtar-1063687699.html
русия
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/1d/1055828261_0:0:2732:2048_1920x0_80_0_0_39f51fc50e169bf2ff8478b6a98285c0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
патрушев шарҳ киев мавзӯъ музокирот матраҳ
патрушев шарҳ киев мавзӯъ музокирот матраҳ
Патрушев шарҳ дод, ки чаро Киев мавзӯъи музокиротро матраҳ мекунад
13:31 28.07.2024 (Навсозишуда: 13:37 28.07.2024) Ёвари раисҷумҳури Русия изҳороти Киев дар бораи музокиротро як найранг хонд, ки барои танаффус ба Украина лозим аст, то нерӯ барқарор кунад
ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Гуфтугӯ дар бораи имкони музокира бо Маскав як найранги тактикии Киев ва Ғарб барои танаффус аст, зеро Русия дар амалиёти вижа бартарият дорад ва дар воқеъ режими Киев барои музокира ҳеҷ кори воқеӣ намекунад.
Дар ин бора ёрдамчии президенти Федератсияи Русия Николай Патрушев дар "Шабакаи аввал" изҳор дошт.
"Фармони (Владимир) Зеленский аст, вақте ки ӯ ҳанӯз раисиҷумҳури қонунӣ буд, дар бораи он ки ӯ бо Русия музокира карданро манъ кардааст. Ин аввал",- гуфт Патрушев.
"Сониян, дар ҷараёни амалиёти махсуси ҳарбӣ мо ҳоло бартарӣ дорем, ки Ғарб ва Украина ба барқарор кардани қувваи худ манфиатдоранд, ба онҳо мӯҳлат лозим аст. Аз ин рӯ, ҳамаи ин гуфтаҳо маҳз характери тактикии танаффус доранд. Воқеан, агар ба амалҳои онҳо назар кунем, онҳо барои роҳандозии музокироти сулҳ ҳеҷ чорае намеандешанд", - таъкид кард мавсуф.
Маскав борҳо изҳор доштааст, ки ба музокирот омода аст, аммо Киев дар сатҳи қонунгузорӣ манъи музокиротро ҷорӣ кардааст. Ғарб ҳамеша музокироти Киев бо Русияро нодида мегирад.
Ҳамзамон ФР изҳор дошт, ки музокирот музокирот бо воқеиятҳои рӯз ва боназардошти аҳдофи амалиёти вижа сурат хоҳад гирифт.
Ёдовар мешавем, ки Русия аз 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомиро анҷом медиҳад.
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин вазифаи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижа озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.
Кишварҳои ғарбӣ ширкат дар даргириҳо дар Украинаро расман рад мекунанд, аммо ба таъмини нирӯҳои мусаллаҳи Украина ба силоҳ идома медиҳанд.