https://sputnik.tj/20240728/parizh-2024-bahodur-usmonov-raqobat-bokhtu-idoma-raqobat-mahrum-1063695887.html
Париж-2024: Баҳодур Усмонов нахустин рақобаташро бохту аз идомаи рақобатҳо маҳрум шуд.
Париж-2024: Баҳодур Усмонов нахустин рақобаташро бохту аз идомаи рақобатҳо маҳрум шуд.
Sputnik Тоҷикистон
Усмонов маротибаи дуюм аст, ки дар Бозиҳои олимпӣ ширкат мекунад, аммо инбор ҳам чун Бозиҳои олимпии Токио натавонист нишоне ба даст орад
2024-07-28T11:31+0500
2024-07-28T11:31+0500
2024-07-29T11:37+0500
дар тоҷикистон
баҳодур усмонов
навигариҳои варзиши тоҷикистон
муштзанӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/1d/1063705899_0:199:3072:1927_1920x0_80_0_0_c484cf30c896fe3fab19b4871fee6e58.jpg
ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Баромади ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпиии Париж бо нокомӣ оғоз шуд.Ҳамин тариқ муштзани шинохтаи кишвар Баҳодур Усмонов аввалин шуда аз ҳайати кишвар вориди сабқат гардид, аммо дучори нокомӣ шуд.Ҳарифи ӯ Радослав Росенов аз Булғористон буд, бо ҳисоби 0:5 пирӯзӣ ба даст овард.Барои Усмонов маротибаи дуюм аст, ки дар Бозиҳои олимпӣ ширкат мекунад. Вай иштирокчии Бозиҳои олимпии Токио-2020 буд, аммо мутаассифона натавонист нишоне ба даст орад.Дар рӯзи дуюми мусобиқот бошад, кишварро аз риштаи бокс Давлат Болтаев муаррифӣ хоҳад кард.Дар риштаи ҷудо бошад, Эмомалӣ Нуралӣ Тоҷикистонро дар Бозиҳои Олимпӣ муаррифӣ мекунад.Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои 33-юми олимпӣ аз 26 июл то 11 августи соли равон баргузор мегарданд. Барномаи бозиҳо аз 32 намуди варзиш иборат буда, иштироки 10500 варзишгар аз 206 давлати дунё дар назар аст.Иштирокчиён давоми 17 рӯз барои 329 маҷмуи медалҳо мубориза хоҳанд бурд.Дар ин чорабинии муҳими варзишӣ Тоҷикистонро 14 варзишгар аз рӯйи 6 намуди варзиш, аз ҷумла ҷудо, бокс, таеквондо, гӯштини тарзи озод, шиноварӣ ва варзиши сабук муаррифӣ хоҳанд намуд.Қаблан шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ дар мулоқот бо варзишгарон гуфт, ҳар намояндаи кишвар, ки сазовори зинаҳои ифтихорӣ мегарданд, бо хонаҳои 3, 2 ва 1 ҳуҷрадор дар пойтахти мамлакат сарфароз гардонида мешаванд.Ҳамзамон ҷоизадоронро туҳфаҳои пулӣ низ интизор аст.
https://sputnik.tj/20240714/rustami-emomali-varzishgar-muvafaq-boziho-olimpi-1063522510.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/1d/1063705899_234:0:2965:2048_1920x0_80_0_0_c7d49c8d31a7374ccb07ada2d57392b1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
париж баҳодур усмонов рақобат бохт рақобат маҳрум
париж баҳодур усмонов рақобат бохт рақобат маҳрум
Париж-2024: Баҳодур Усмонов нахустин рақобаташро бохту аз идомаи рақобатҳо маҳрум шуд.
11:31 28.07.2024 (Навсозишуда: 11:37 29.07.2024) Усмонов маротибаи дуюм аст, ки дар Бозиҳои олимпӣ ширкат мекунад, аммо инбор ҳам чун Бозиҳои олимпии Токио натавонист нишоне ба даст орад
ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Баромади ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпиии Париж бо нокомӣ оғоз шуд.
Ҳамин тариқ муштзани шинохтаи кишвар Баҳодур Усмонов аввалин шуда аз ҳайати кишвар вориди сабқат гардид, аммо дучори нокомӣ шуд.
Ҳарифи ӯ Радослав Росенов аз Булғористон буд, бо ҳисоби 0:5 пирӯзӣ ба даст овард.
Барои Усмонов маротибаи дуюм аст, ки дар Бозиҳои олимпӣ ширкат мекунад. Вай иштирокчии Бозиҳои олимпии Токио-2020 буд, аммо мутаассифона натавонист нишоне ба даст орад.
Дар рӯзи дуюми мусобиқот бошад, кишварро аз риштаи бокс Давлат Болтаев муаррифӣ хоҳад кард.
Дар риштаи ҷудо бошад, Эмомалӣ Нуралӣ Тоҷикистонро дар Бозиҳои Олимпӣ муаррифӣ мекунад.
Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои 33-юми олимпӣ аз 26 июл то 11 августи соли равон баргузор мегарданд. Барномаи бозиҳо аз 32 намуди варзиш иборат буда, иштироки 10500 варзишгар аз 206 давлати дунё дар назар аст.
Иштирокчиён давоми 17 рӯз барои 329 маҷмуи медалҳо мубориза хоҳанд бурд.
Дар ин чорабинии муҳими варзишӣ Тоҷикистонро 14 варзишгар аз рӯйи 6 намуди варзиш, аз ҷумла ҷудо, бокс, таеквондо, гӯштини тарзи озод, шиноварӣ ва варзиши сабук муаррифӣ хоҳанд намуд.
Қаблан шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ дар мулоқот бо варзишгарон гуфт, ҳар намояндаи кишвар, ки сазовори зинаҳои ифтихорӣ мегарданд, бо хонаҳои 3, 2 ва 1 ҳуҷрадор дар пойтахти мамлакат сарфароз гардонида мешаванд.
Ҳамзамон ҷоизадоронро туҳфаҳои пулӣ низ интизор аст.