Дар ИИАО қарзҳои беруна ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфт

© Sputnik / Табылды КадырбековФлаги Киргизии, Армении, Белоруссии, Казахстана и России - стран-участниц Евразийского экономического союза
Флаги Киргизии, Армении, Белоруссии, Казахстана и России - стран-участниц Евразийского экономического союза - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.07.2024
Обуна шудан
Агар то 1 апрели соли 2023 қарзи хориҷии ИИАО тақрибан 583 млрд долларро ташкил дода бошад, пас то 1 апрели соли 2024 ба 528 млрд расид
ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Маҷмӯи қарзи хориҷии кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар семоҳаи аввали соли 2024 коҳиш ёфт.
Ин рақам 55 миллиард долларро ташкил дод, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Комиссияи иқтисодии Авруосиё.
Гуфта мешавад, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,4% камтар аст.
Агар то 1 апрели соли 2023 қарзи хориҷии ИИАО тақрибан 583 млрд долларро ташкил дода бошад, пас то 1 апрели соли 2024 ба 528 млрд расид.
Сотрудник ПФР держит в руках пенсионное удостоверение - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2024
Дарёфти нафақа барои сокинони кишварҳои ИИАО осонтар мешавад
Қаблан хабар дода шуда буд, ки дар кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё тавлидоти саноатӣ афзоиш ёфтааст. Ҳамин тариқ, дар панҷ моҳи аввали соли ҷорӣ ин нишондод нисбат ба моҳҳои январ-майи соли 2023 5,2% афзудааст.
Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё як иттиҳодияи иқтисодии ҳамгироии байналмилалӣ буда, аз 1 январи соли 2015 фаъолият мекунад. Аъзои иттиҳодия Русия, Арманистон, Белорус, Қазоқистон ва Қирғизистон мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0