Занҳои тоҷик дар озмуни ҷаҳонии бонувони ихтироъкор шаш медал гирифтанд

© iStock.com / kokouuУченый в медицинской лаборатории
Ученый в медицинской лаборатории  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2024
Обуна шудан
Озмун тариқи онлайнӣ доир гардида, занони тоҷик барои дастовардоҳои баланди илмӣ соҳиби медалҳои тилову нуқра ва биринҷӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 27 июл – Sputnik. Ихтироъкорзанони тоҷик дар 17-умин Намоишгоҳи байналмилалии занҳои ихтироъкори "KIWIE -2024" шаш медал ба даст оварданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Муассисаи давлатии "Маркази миллии патенту иттилоот"-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, озмун тариқи онлайнӣ доир гардида, занони тоҷик се медали тилло, ду нуқра ва як биринҷӣ ба даст оварданд.
Гуфта мешавад, ки бо медали тилло ва ҷоизаи махсуси Ассотсиатсияи ихтироъкорони Тайланд Назирабегим Бораҷабова бо ихтирои – "Маводи дорои таъсири зиддиилтиҳобӣ ва ҷароҳатдармонӣ", мушарраф гардид.
Президент Таджиистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.01.2024
Амрҳои Раҳмон дар бораи баргузории се озмуни ҷумҳуриявӣ
Шафоат Олимова бо ихтирои – "1-хлор-3-метокситриптофало пропан-2-олов 3α, 7β-дигидрокси кислотаи холонати дорои таъсири зиддимикробӣ" ва Аниса Азизмамадова бо ихтирои – "Тарзи пешгӯии вайроншавии саломатии репродуктивӣ дар занон" бо медалҳои тилло сарфароз гардиданд.
Нуқраҳоро бошад, Муҳаббат Урунова барои ихтирои – "Мавод барои табобати бенаслӣ дар занҳои дорои бачадони гипоплазияи (майда) дараҷаи I-II" ва Марҷона Шоназарова бо ихтирои – "Тарзи пешгирӣ ва табобати энтеропатияҳо, ки дар заминаи полихимиотерапия ситостатикии пуршиддат инкишоф меёбанд" ба даст оварданд.
Инчунин бо медали биринҷӣ Гулнора Ҳоҷиева барои ихтирои –"Маҷмӯи доруворӯи растанигии "Чордору" сарфароз гардид.
Маврид ба зикр аст, ки ин аввалин медалҳои тилои ихтироъкорзанони тоҷик дар чунин озмун набуда, дар гузашта низ барои дастовардҳои баланди илмӣ бонувони кишвар соҳиби унвонҳои баланд шуда будан.
Лентаи хабарҳо
0