https://sputnik.tj/20240727/hajm-musofirkashoni-havoi-tojikiston-kohish-1063688117.html
Ҳаҷми мусофиркашонии ҳавоӣ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст
Ҳаҷми мусофиркашонии ҳавоӣ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст
Sputnik Тоҷикистон
Фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон гардиши мусофиронро коҳиш додаанд, дар ҳоле ки танҳо Фурудгоҳи Душанбе ба беш аз як млн нафар хидмат расонидааст
2024-07-27T19:14+0500
2024-07-27T19:14+0500
2024-07-29T12:12+0500
дар тоҷикистон
мусофиркашонӣ
ҳавопаймо
вазорати нақлиёт
нақлиёт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102176/57/1021765745_0:0:1025:577_1920x0_80_0_0_ab8c3e35ef39ef7ec884d133777beeab.jpg
ДУШАНБЕ, 27 июль — Sputnik. Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ фурудгоҳҳои Тоҷикистон қариб ба 1,7 млн нафар хизмат расониданд. Ин рақам дар муқойиса бо даври мушобеҳи соли 2023 36 ҳазор ё 36% кам шудааст, гуфт дар нишасти хабарӣ сардори Агентии авиатсияи граждании ҷумҳурӣ Ҳабибулло Назарзода. Дар ҳамин ҳол, Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба 1,1 млн мусофир, бандари ҳавоии Хуҷанд - 391,4 ҳазор, Кӯлоб - 94,8 ҳазор, Бохтар - 40 ҳазор мусофир хизмат расонидааст.Шумораи хатсайрҳо дар нимаи аввали сол ба 5,7 ҳазор адад расонида шуд, ки ин назар ба соли гузашта 238 самт ва 2,3% кам аст.Назарзода қайд кард, ки дар шаш моҳи соли равон як ширкати ҳавопаймоии дохилӣ – "Сомон Эйр" ва 12 ширкати хориҷӣ, аз қабили "ЮТэйр", "Уралские авиалинии", "North Wind", "S7", "Ямал", "Казак Эйр Остона", Uzbekistan Airways, Fly Dubai, Turkish Airlines, Vorish Airlines - Эрон, Jazeera Airways аз Кувайт парвозҳои доимӣ анҷом доданд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102176/57/1021765745_0:0:819:614_1920x0_80_0_0_e3c8f39cbacd168d889bc01b42890fca.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳаҷм мусофиркашонь ҳавоӣ тоҷикистон коҳиш
ҳаҷм мусофиркашонь ҳавоӣ тоҷикистон коҳиш
Ҳаҷми мусофиркашонии ҳавоӣ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст
19:14 27.07.2024 (Навсозишуда: 12:12 29.07.2024) Фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон гардиши мусофиронро коҳиш додаанд, дар ҳоле ки танҳо Фурудгоҳи Душанбе ба беш аз як млн нафар хидмат расонидааст
ДУШАНБЕ, 27 июль — Sputnik. Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ фурудгоҳҳои Тоҷикистон қариб ба 1,7 млн нафар хизмат расониданд.
Ин рақам дар муқойиса бо даври мушобеҳи соли 2023 36 ҳазор ё 36% кам шудааст, гуфт дар нишасти хабарӣ сардори Агентии авиатсияи граждании ҷумҳурӣ Ҳабибулло Назарзода.
"Дар нимсолаи аввали соли 2024 фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон ба қариб 1,7 млн мусофир хизмат расонидаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 35,8 ҳазор нафар ё 36% кам аст", - зикр гардид дар нишаст.
Дар ҳамин ҳол, Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба 1,1 млн мусофир, бандари ҳавоии Хуҷанд - 391,4 ҳазор, Кӯлоб - 94,8 ҳазор, Бохтар - 40 ҳазор мусофир хизмат расонидааст.
Шумораи хатсайрҳо дар нимаи аввали сол ба 5,7 ҳазор адад расонида шуд, ки ин назар ба соли гузашта 238 самт ва 2,3% кам аст.
Назарзода қайд кард, ки дар шаш моҳи соли равон як ширкати ҳавопаймоии дохилӣ – "Сомон Эйр" ва 12 ширкати хориҷӣ, аз қабили "ЮТэйр", "Уралские авиалинии", "North Wind", "S7", "Ямал", "Казак Эйр Остона", Uzbekistan Airways, Fly Dubai, Turkish Airlines, Vorish Airlines - Эрон, Jazeera Airways аз Кувайт парвозҳои доимӣ анҷом доданд.