Тоҷикистон ният дорад то соли 2037 иқтисоди сабз созад

© Unsplash/Zbynek BurivalВетрогенераторы на рапсовом поле
Ветрогенераторы на рапсовом поле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.07.2024
Обуна шудан
Ба гуфтаи мақомот Тоҷикистон ният дорад то соли 2037 иқтисоди сабзро созад ва ба хотири рушди устувор ва таъсиси ҷойҳои корӣ ба саноаткунонӣ суръат бахшад
ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Тоҷикистон ният дорад, то соли 2037 иқтисоди сабз созад ва барои рушди устувор ва таъсиси ҷойҳои корӣ ба саноаткунонӣ суръат бахшад.
Дар ин бора раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Раҳимзода Султон дар сӯҳбат бо хабарнигори Корея хабар дод.
Султон Раҳимзода дар мусоҳиба бо рӯзномаи “The Korea Herald” аз ширкатҳои Кореяи ҷанубӣ даъват кард, ки дар бахшҳои энержии сабз ва истихроҷи маъданҳои Тоҷикистон сармоягузорӣ кунанд.
Ба гуфтаи Раҳимзода, Тоҷикистон ба ширкатҳои кореягӣ имкони “сабз” кардани сармоягузориҳои худро пешниҳод мекунад, ки ҳудуди 98 дарсади нерӯи барқи Тоҷикистон бо нерӯгоҳҳои барқи обӣ тавлид мешавад.
Участие во встрече глав государств Центральной Азии и Соединенных Штатов Америки - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.09.2023
Аз масоили Афғонистон то иқтисоди "сабз": Раҳмон ба Байден мавқеи Тоҷикистонро баён кард
Вай гуфт, 88 дарсади конҳои маъданҳои Тоҷикистон мавриди истифода қарор нагирифтаанд ва ба зарурати стратегии сармоягузорӣ ба энержии сабз ва истихроҷи маъдан ишора кард.
"Мо ҳудуди 800 конро муайян кардем, аммо ҳоло ҳамагӣ дар 100-тоаш истихроҷ ба роҳ монда шудааст. Ин тақрибан 12 дарсади иқтидори истихроҷи моро ташкил медиҳад", - гуфт ӯ.
Раиси Кумита зикр кард, ки Тоҷикистон аз маъданҳои зарурӣ барои гузариш ба иқтисоди сабз, аз ҷумла литий, сурма ва нуқра бой буда, кишвар аз ҷиҳати истеҳсоли сурма пас аз Чин ва Русия дар ҷои севум қарор дорад.
Раҳимзода ба “The Korea Herald” гуфт: "Ширкатҳои кореягӣ то ҳол ба ин бахш ҷалб нашудаанд, ки ин як имкони бузург барои кашфи онҳост".
Вай аз ҳамкориҳои ахир бо ширкати кореягии” Global Solar Wafer” ишора карда, онро як ҳамоҳангии умедбахши тамоюлҳои ояндаи энергетика ва технология номид.
Бино ба иттилоъи сафорати Тоҷикистон дар Сеул, ин тарҳ дар чаҳор марҳила амалӣ мешавад, ки он 2 млрд доллар сармоягузорӣ ва афзоиши шуғли аҳолии маҳаллӣ дар Тоҷикистонро дар бар мегирад.
Лентаи хабарҳо
0