Вилояти Суғд чӣ мекорад?

Обуна шудан
Соли ҷорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилояти Суғд дар майдони 282,5 гектар замин кишти зироатҳо гузаронида шудааст
Нишондиҳандаи кӯтоҳмуҳлати рушди иқтисодиёт ба 16,2 млрд. сомонӣ ва суръати афзоиш ба 108,2% расонида шуда, ҳиссаи вилоят дар нишондиҳандаи кӯтоҳмуҳлати рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба 26,3% баробар шудааст.
Кишоварзони вилоят дар ин давра аҳлона меҳнат намуда, ҷиҳати рушди соҳа тадбирҳои судманд андешиданд.
Дар натиҷа, ба ҳолати 1 июли соли 2024 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба маблағи 5 млрд. 343,1 млн. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуда, суръати афзоиш нисбати ҳамин давраи соли гузашта 113,1 фоиз таъмин гардид.
Соли ҷорӣ тибқи структураи кишти тасдиқгардида дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят дар майдони 282,5 ҳазор гектар замин кишти зироатҳо гузаронида шудааст.
Аз ҷумла, масоҳати кишти ғалладонагиҳо бе ҷуворимаккаи дон 119,1 ҳазор гектар, аз ҷумла гандум беш аз 54 ҳазор гектар, ҷав 48 ҳазор гектар, шолӣ 9 ҳазор гектар, лӯбиёгиҳо 4 ҳазор гектар ва ҷуворимаккаи дон 6 ҳазор гектар, картошка наздик ба 29 ҳазор гектар, сабзавот 18,5 ҳазор гектар, аз ҷумла пиёз наздик ба 5 ҳазор гектар, полезиҳо 5,5 ҳазор гектар ва зироатҳои хўроки чорво 46 ҳазор гектарро ташкил медиҳад.
Дар давраи ҳисоботӣ дар вилоят истеҳсоли сабзавот 95,1 ҳазор тонна, аз ҷумла пиёз 37415 тонна, картошка 55559 тонна, ташкил намуд
Ба ҳолати 1 июли соли 2024 дар хоҷагиҳои кишоварзии вилоят 166 гектар боғу токзори нав бунёд карда шудааст.
Ҳамзамон, барқароркунии боғу токзор дар масоҳати 903 гектар гузаронида шудааст.
Лентаи хабарҳо
0