https://sputnik.tj/20240724/vaziri-khorijai-ukraina-kiev-omodai-muzokira-maskav-1063650319.html
Вазири хориҷаи Украина эълон кард, ки Киев омодаи музокира бо Маскав аст
Вазири хориҷаи Украина эълон кард, ки Киев омодаи музокира бо Маскав аст
Sputnik Тоҷикистон
Вазири хориҷаи Украина ахиран дар Чин эълон кард, ки кишвараш омода аст бо Маскав барои мустақар намудани сулҳ гуфтушунид кунад
2024-07-24T19:59+0500
2024-07-24T19:59+0500
2024-07-24T19:59+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
украина
вазири хориҷа
дар ҷаҳон
чин
сиёсат
музокирот
русия
дар русия
амалиёти вижа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/1f/1057465760_0:0:760:429_1920x0_80_0_0_347868a25b03f91a8a18cfd556815a8e.jpg
ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Дмитрий Кулеба, вазири умури хориҷии Украина дар Чин зимни сӯҳбат бо ҳамтои чинии худ Ван И, изҳор дошт, ки Киев омодаи музокира бо Маскав аст."Ҷониби Украина омода аст, ки бо Русия муколама ва музокира анҷом диҳад", - гуфт Кулеба.Вазири хориҷаи Украина қайд кард, ки музокирот бояд оқилона бошад, аҳамияти амалӣ дошта бошад ва ба сулҳи одилона ва пойдор равона карда шавад.Вазири хориҷаи Чин дар навбати худ гуфт, ки хатари авҷ гирифтани низоъ дар Украина ҳанӯз вуҷуд дорад ва зикр кард, ки Пекин ҳамеша ба таблиғи роҳи ҳалли сиёсии бӯҳрон пойбанд буд."Чин бар ин назар аст, ки ҳалли ҳама низоъҳо дар ниҳоят бояд пушти мизи музокира сурат бигирад ва ҳалли тамоми баҳсҳо бояд тавассути каналҳои сиёсӣ ба даст оварда шавад", - гуфт Ван И.Ба гуфтаи вай, ахиран ҷониби Русия ва Украина “дар бораи омодагии худ ба музокирот сигналҳо гуногун ирсол мекунанд”.Вай афзуд, Чин омода аст, ки дар ҳалли низоъ нақши созандаро идома диҳад, бо вуҷуди он ки "шароит ва замон ҳанӯз пухта нарасидааст".
украина
чин
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/1f/1057465760_51:0:728:508_1920x0_80_0_0_d703a7a321ee01622aab290b3ab78e6d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина, сиёсат, русия, чин, музокирот, сулҳ, омода, кулеба, малиёти вижа
украина, сиёсат, русия, чин, музокирот, сулҳ, омода, кулеба, малиёти вижа
Вазири хориҷаи Украина эълон кард, ки Киев омодаи музокира бо Маскав аст
Вазири хориҷаи Украина ахиран дар Чин эълон кард, ки кишвараш омода аст бо Маскав барои мустақар намудани сулҳ гуфтушунид кунад
ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Дмитрий Кулеба, вазири умури хориҷии Украина дар Чин зимни сӯҳбат бо ҳамтои чинии худ Ван И, изҳор дошт, ки Киев омодаи музокира бо Маскав аст.
"Ҷониби Украина омода аст, ки бо Русия муколама ва музокира анҷом диҳад", - гуфт Кулеба.
Вазири хориҷаи Украина қайд кард, ки музокирот бояд оқилона бошад, аҳамияти амалӣ дошта бошад ва ба сулҳи одилона ва пойдор равона карда шавад.
Вазири хориҷаи Чин дар навбати худ гуфт, ки хатари авҷ гирифтани низоъ дар Украина ҳанӯз вуҷуд дорад ва зикр кард, ки Пекин ҳамеша ба таблиғи роҳи ҳалли сиёсии бӯҳрон пойбанд буд.
"Чин бар ин назар аст, ки ҳалли ҳама низоъҳо дар ниҳоят бояд пушти мизи музокира сурат бигирад ва ҳалли тамоми баҳсҳо бояд тавассути каналҳои сиёсӣ ба даст оварда шавад", - гуфт Ван И.
Ба гуфтаи вай, ахиран ҷониби Русия ва Украина “дар бораи омодагии худ ба музокирот сигналҳо гуногун ирсол мекунанд”.
Вай афзуд, Чин омода аст, ки дар ҳалли низоъ нақши созандаро идома диҳад, бо вуҷуди он ки "шароит ва замон ҳанӯз пухта нарасидааст".