https://sputnik.tj/20240723/taghyirot-hizbi-sotsialistii-tojikiston-raisi-hizb-ham-ivaz-shud-1063630421.html
Тағйирот дар Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон: Раиси ин ҳизб ҳам иваз шуд
Тағйирот дар Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон: Раиси ин ҳизб ҳам иваз шуд
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти болоии Ҳибзи сотсиалистии Тоҷикистон хабар доданд, ки дар Анҷумани ғайринавбатии ин ҳизб раис ва муовинонаш аз мансаб барканор шуданд
2024-07-23T13:03+0500
2024-07-23T13:03+0500
2024-07-23T13:03+0500
дар тоҷикистон
ҳизб
ҳизби сотсиалисти тоҷикистон
раис
тағйирот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/18/1031781316_299:169:3000:1688_1920x0_80_0_0_e26cbbdc2401f07c813b34eadfc7be36.jpg
ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Имрӯз Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон дар Душанбе анҷумани ғайринавбатӣ баргузор кард, хабар додааст Ҳизби мазкур.Дар анҷуман Абдуҳалим Ғаффаров аз раисии ҳизб канор рафт ва бо пешниҳоди ӯ раиси нави ҳизб Ғулом Ҳалимзода интихоб шуд.Иттилоъ дода шудааст, ки Ғулом Ҳалимзода қаблан раиси кумитаи иҷроияи ҲСТ дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд буд.Қайд карда шудааст, ки раиси нави ҳизб ҳанӯз вакили парлумон нест.Ҳамҳизбиён якҷоя фаъолияти Абдуҳалим Ғаффоров, раиси акнун қаблии ҳизбро қаноатманд арзёбӣ карданд.Қайд карда шудааст, ки Абдуҳалим Ғаффоров аз ин пас ба ҳайси мушовир дар ҳизб мемонад.Абдуҳалим Ғаффорови 73-сола дар се давра, соли 2006, 2013 ва 2020 номзад ба мақоми президентӣ аз аз Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон буд.Анҷумани ғайринавбатии Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳоле баргузор мешавад, ахиран Ҳизби демократи Тоҷикистон бо баргузории анҷумани ғайринавбатӣ роҳбараш Саидҷаъфар Усмонзодаро барканор кард ва ба ҷои ӯ Шаҳбози Аброрро ба ин маснад интихоб намуд.Пас аз чанде, рӯзи 14-уми июн Саидҷаъфар Усмонзода, ки вакили порлумон ҳам буд, “барои бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият” муттаҳам шуда, аз ҷониби Додситонии кулли Тоҷикистон боздошт гардид ва бар зиддиш парвандаи ҷиноӣ боз шуд.
https://sputnik.tj/20240720/rais-hizb-islohot-iqtisod-tojikiston-nav-1063604545.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/18/1031781316_410:58:3000:2000_1920x0_80_0_0_52b4106f5d61a0789ca5a849dd925643.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ҳизб, тағйирот, роҳбарият, ҳизби сотсиалистӣ, раис, роҳбар
тоҷикистон, ҳизб, тағйирот, роҳбарият, ҳизби сотсиалистӣ, раис, роҳбар
Тағйирот дар Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон: Раиси ин ҳизб ҳам иваз шуд
Мақомоти болоии Ҳибзи сотсиалистии Тоҷикистон хабар доданд, ки дар Анҷумани ғайринавбатии ин ҳизб раис ва муовинонаш аз мансаб барканор шуданд
ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Имрӯз Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон дар Душанбе анҷумани ғайринавбатӣ баргузор кард, хабар додааст Ҳизби мазкур.
Дар анҷуман Абдуҳалим Ғаффаров аз раисии ҳизб канор рафт ва бо пешниҳоди ӯ раиси нави ҳизб Ғулом Ҳалимзода интихоб шуд.
Иттилоъ дода шудааст, ки Ғулом Ҳалимзода қаблан раиси кумитаи иҷроияи ҲСТ дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд буд.
Қайд карда шудааст, ки раиси нави ҳизб ҳанӯз вакили парлумон нест.
Ҳамҳизбиён якҷоя фаъолияти Абдуҳалим Ғаффоров, раиси акнун қаблии ҳизбро қаноатманд арзёбӣ карданд.
Қайд карда шудааст, ки Абдуҳалим Ғаффоров аз ин пас ба ҳайси мушовир дар ҳизб мемонад.
Абдуҳалим Ғаффорови 73-сола дар се давра, соли 2006, 2013 ва 2020 номзад ба мақоми президентӣ аз аз Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон буд.
Анҷумани ғайринавбатии Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳоле баргузор мешавад, ахиран Ҳизби демократи Тоҷикистон бо баргузории анҷумани ғайринавбатӣ роҳбараш Саидҷаъфар Усмонзодаро барканор кард ва ба ҷои ӯ Шаҳбози Аброрро ба ин маснад интихоб намуд.
Пас аз чанде, рӯзи 14-уми июн Саидҷаъфар Усмонзода, ки вакили порлумон ҳам буд, “барои бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият” муттаҳам шуда, аз ҷониби Додситонии кулли Тоҷикистон боздошт гардид ва бар зиддиш парвандаи ҷиноӣ боз шуд.