https://sputnik.tj/20240723/dumai-rusiya-protokol-savdoi-elektroni-iiao-tasvib-1063634245.html
Думаи Русия протокол дар бораи савдои электронӣ дар қаламрави ИИАО-ро тасвиб кард
Думаи Русия протокол дар бораи савдои электронӣ дар қаламрави ИИАО-ро тасвиб кард
Sputnik Тоҷикистон
Протокол авохири моҳи декабри соли 2023 дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия аз ҷониби сарони кишварҳои узви ИИАО ба имзо расида буд
2024-07-23T18:56+0500
2024-07-23T18:56+0500
2024-07-23T19:32+0500
ииао
русия
тасвиб
савдо
электронӣ
думаи давлатӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/17/1063639810_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_18ab9a13b287e549c5e39a8263e9c17a.jpg
ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Думаи давлатии Русия протокол дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома дар бораи Кодекси гумруки Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО), ки ба танзими ҳамаҷонибаи интиқоли молҳои тиҷорати электронӣ тавассути сарҳади гумрукӣ равона шудааст, ба тасвиб расонд.Қайд карда шудааст, ки ин санадро раисҷумҳури Русия ба Думаи давлатӣ пешниҳод кардааст.Протокол 25 декабри соли 2023 дар шаҳри Санкт-Петербург аз ҷониби сарони кишварҳои узви ИИАО ба имзо расида буд.Тибқи санади мазкур маҳсулоте, ки тавассути тиҷорати электронӣ харидорӣ мешавад, ба категорияи алоҳидаи молҳо тақсим карда мешавад. Хусусиятҳои танзими чунин савдо низ муайян гардида, декларатсияи ин молҳо ҷорӣ карда мешавад.Ёдовар мешавем, ки ИИАО як иттиҳодияи иқтисодии байналмилалии ҳамгироӣ мебошад, ки дар заминаи Иттиҳоди гумрукӣ ва Фазои ягонаи иқтисодӣ таъсис ёфта, аз 1 январи соли 2015 фаъолият мекунад.Дар ҳоли ҳозир Русия, Арманистон, Беларус, Қозоқистон ва Қирғизистон аъзои он ҳастанд.
https://sputnik.tj/20240722/tavarrum-qalamrav-iiao-dar-mohi-iun-1063621766.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/17/1063639810_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_cac7f080f4f64ebbcd2e6a1c8263bf2e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ииао, русия, дума, протокол, тасвиб, раисҷумҳур, тасвиб
ииао, русия, дума, протокол, тасвиб, раисҷумҳур, тасвиб
Думаи Русия протокол дар бораи савдои электронӣ дар қаламрави ИИАО-ро тасвиб кард
18:56 23.07.2024 (Навсозишуда: 19:32 23.07.2024) Протокол авохири моҳи декабри соли 2023 дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия аз ҷониби сарони кишварҳои узви ИИАО ба имзо расида буд
ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Думаи давлатии Русия протокол дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома дар бораи Кодекси гумруки Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО), ки ба танзими ҳамаҷонибаи интиқоли молҳои тиҷорати электронӣ тавассути сарҳади гумрукӣ равона шудааст, ба тасвиб расонд.
Қайд карда шудааст, ки ин санадро раисҷумҳури Русия ба Думаи давлатӣ пешниҳод кардааст.
Протокол 25 декабри соли 2023 дар шаҳри Санкт-Петербург аз ҷониби сарони кишварҳои узви ИИАО ба имзо расида буд.
Тибқи санади мазкур маҳсулоте, ки тавассути тиҷорати электронӣ харидорӣ мешавад, ба категорияи алоҳидаи молҳо тақсим карда мешавад. Хусусиятҳои танзими чунин савдо низ муайян гардида, декларатсияи ин молҳо ҷорӣ карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки ИИАО як иттиҳодияи иқтисодии байналмилалии ҳамгироӣ мебошад, ки дар заминаи Иттиҳоди гумрукӣ ва Фазои ягонаи иқтисодӣ таъсис ёфта, аз 1 январи соли 2015 фаъолият мекунад.
Дар ҳоли ҳозир Русия, Арманистон, Беларус, Қозоқистон ва Қирғизистон аъзои он ҳастанд.