Дар Хатлон 30 ҳазор ҷойи кор ҳасту 14 ҳазор бекор

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаСотрудницы предприятия по переработке плодовоовощной продукции
Сотрудницы предприятия по переработке плодовоовощной продукции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.07.2024
Обуна шудан
Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон қайд кардааст, ки танҳо аз ҳисоби шахсони воқеӣ 28 ҳазор ҷойи корӣ фароҳам оварда шудааст
ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Ба ҳолати 1 июли соли 2024 дар вилояти Хатлон беш аз 29 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст.
Дар ин бора Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилоят хабар додаааст.
Ба иттилои манбаъ, аз ҳисоби шахсони воқеӣ 28028 ҷойи корӣ ва 1311 ҷой аз ҳисоби шахсони ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудааст.
“Аз ҳисоби баргузории 159 ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ 2402 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кор таъмин гардида, дар умум, 3445 нафар шаҳрвандон бо шуғл фаро гирифта шуданд”, - афзуд манбаъ.
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки шумораи бекорони расман ба қайд гирифташуда, тибқи омори расмӣ, ҳамагӣ 14,8 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки баробари 1,3 фоизи шумораи аҳолии қобили кор мебошад.
Сбор овощей в фермерском хозяйстве  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2024
Дар Хатлон 720 хориҷӣ бо кор таъмин шуданд
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш мақомоти вилояти Хатлон хабар дода буд, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 34 субъекти хоҷагидорӣ, ки иҷозаи ҷалби қувваи кории хориҷиро доранд, ба қайд гирифта шудааст.
Ба иттилои манбаъ аз аввали сол дар ҳудуди вилояти Хатлон ба 71 нафар шаҳрванди хориҷӣ иҷозатнома барои кор дода шуда, дар субъектҳои хоҷагидорӣ 720 нафар хориҷиён кор мекунанд.
Ба иттилои манбаъ, дар ҳамин 34 ширкате, ки хориҷиён кор мекунанд, ҳамзамон 6 ҳазору 292 нафар сокинони маҳаллӣ низ кор мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0