“Бо дастури президент”: ҳаводиси нохуш дар “Роғун” чӣ гуна коҳиш ёфт?

© Sputnik / Амир ИсаевРогунская ГЭС
Рогунская ГЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.07.2024
Обуна шудан
Мақомоти Тоҷикистон иддао дорад, ки маргумир ва захмӣ шудани коргарон дар сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” даҳ баробар коҳиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Нерӯгоҳи “Роғун” бузургтарин пружаи энержии иқтисодии Тоҷикистону минтақа аст.
Санъат Раҳимов, сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи куҳкории назди ҳукумати Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли Sputnik Тоҷикистон гуфт, далели аслии коҳиши ҳаводиси нохуш дар сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” ба роҳ мондани назорати шабонарӯзии бехатарии корҳои сохтмонӣ аст.
“Вақте президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соли 2020 барои ошноӣ бо раванди корҳо дар сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” рафтанд, баъди ошно шудан бо вазъ дастур доданд, ки ҷараёни назорати бехатарии корҳо дар нерӯгоҳ ба таври доимӣ сурат гирад. То ин сафар 40% ҳаводиси нохуш - мавориди маргумир ва захмӣ шудани коргарон - дар сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” рух медод”, - гуфт Санъат Раҳимов.
Возведение штольни на территории металлургического комбината ФАРОЗ, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.07.2024
“Қурбониёни кор” дар Тоҷикистон – омори расмӣ
Ба қавли ӯ, дар он замон ҳудуди 70 корхона, 20 ҳазор коргар ва 3 ҳазор техникаи гуногунҳаҷм ба кори сохтмони нерӯгоҳ машғул буданд.
“Пас аз он ки назорати шабонарӯзӣ ба роҳ монда шуд, вазъи бехатарии корҳо дар нерӯгоҳи “Роғун” беҳбуд ёфт ва ҳоло 3 – 4% ҳаводиси нохуш дар нерӯгоҳи “Роғун” рух медиҳад”, - гуфт сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи куҳкорӣ.
Тибқи иттилои ин ниҳод, тайи шаш моҳи аввали соли равон се нафар дар пайи афтидан аз баландӣ ҳангоми кор дар нерӯгоҳи “Роғун” ҷонҳои худро аз даст додаанд.
Дар умум, дар ин муддат 14 нафар замони кор дар иншооту корхонаҳои Тоҷикистон ба ҳалокат расидаанд.
Лентаи хабарҳо
0