Гармӣ газро гарон кард: Шарҳи мақомоти Тоҷикистон аз камбуд ва ҷаҳиши нархи сӯзишворӣ

© AFP 2024 / JEAN-CHRISTOPHE VERHAEGENЗаправка автомобиля сжиженным газом
Заправка автомобиля сжиженным газом  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.07.2024
Обуна шудан
Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон иддао дорад, ки воридот ва нархи гази моеъ таҳти назорати мақомоти ваколатдори соҳа қарор дорад
ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Давоми моҳҳои май-июни соли равон маҳдудияти интиқоли гази моеъ аз давлатҳои содироткунандаи гази моеъ ба Тоҷикистон ҷорӣ нагардидааст, хабар додааст вазорати энергетика ва захираҳои оби кишвар.
Ба иттилои манбаъ, то моҳи июли соли 2024 ба Тоҷикистон 195,4 ҳазор тонна гази моеъ воридот шудааст.
“Ҳамзамон, бо назардошти зиёд шудани автомобилҳои барқӣ талабот ба гази моеъ тамоюли камшавӣ дорад”,- таъкид кардааст вазорати энергетика.
Вазорат қайд кардааст, ки ҳаҷми воридот барои таъмини бозори дохилӣ басанда аст, камчинии он дар анборҳои воридкунандагони маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ дида намешавад.
Манометр на заправочной колонке газозаправочной станции  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.07.2024
Ҷаҳиши якбораи нархи гази моеъ дар ҳавои гарми тобистон дар навоҳии Суғд
Дар ҳамин ҳол, вазорати энергетика зикр кардааст, ки бо мақсади риояи талаботи бехатарӣ дар мавсими гармӣ, тибқи “Қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми истифодаи гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ” дар давраи тобистон ҳангоми баланд шудани ҳарорат, фурӯши гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, ки ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯ нестанд, зарурати ба роҳ мондани баъзе махдудиятҳо ба миён меояд.
“Талаботи бехатарии фавқуззикр дар ҳамаи кишварҳои содиркунандаи гази моеъ риоя ва маҳдудиятҳо ҷорӣ карда мешаванд. Инчунин, дар ин давра корхонаҳои истеҳсолкунанда корҳои таъмиру барқарорсозӣ анҷом медиҳанд, ки метавонад боиси кам шудани воридоти гази моеъ дар мавсими муайян гардад”, - қайд кардааст вазорат.
Ҳамчунин вазорат хабар додааст, ки Қазоқистон барои нигоҳ доштани сатҳи истеҳсоли гази моеъ дар ояндаи наздик ба нархҳои гази моеъ ислоҳот ворид менамояд.
Вазорат аз сокинон хоҳиш кардааст, ки то муътадил шудани шароити иқлимӣ, ба нигаронӣ дода нашавед.
“Масъалаи тағйири нархҳо дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ таҳти назорати мақомоти ваколатдори соҳа қарор дорад”, - қайд кардааст вазорат.
Лентаи хабарҳо
0