https://sputnik.tj/20240722/dushanbe-dokha-rohho-peshgiri-shomilshavii-javonon-guruhhoi-terroristi-1063621103.html
Душанбеву Доха роҳҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористиро баррасӣ карданд
Душанбеву Доха роҳҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористиро баррасӣ карданд
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистону Қатар аз роҳҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгарои манфиатҷӯ, ки аз номи дини мубини ислом истифода мебаранд, табодули назар карданд
2024-07-22T16:48+0500
2024-07-22T16:48+0500
2024-07-22T17:59+0500
дар тоҷикистон
қатар
ҳамкорӣ
террористӣ
пешгирӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/16/1063620797_0:12:1200:687_1920x0_80_0_0_17afe80758f16b34d50a771f5753dbf1.jpg
ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Ин масъала дар мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Давлати Қатар Нурмурод Маҳмадалӣ бо раиси Иттиҳоди ҷаҳонии олимони мусулмон Шайх Алӣ Муҳиддин ал-Қардоғӣ баррасӣ шуд.Дар ин бора вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар додааст.Тибқи иттилои манбаъ дар мулоқот тарафҳо доир ба роҳҳои пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳаракату гурӯҳҳои террористию ифротгарои манфиатҷӯ, ки аз номи дини мубини ислом истифода мебаранд, эҳтироми расму оинҳои миллию фарҳангӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо мубодилаи афкор намуданд.Ёдовар мешавем, ки тавре қаблан ВУХ хабар дода буд, Тоҷикистон давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо кишварҳои арабӣ, аз ҷумла бо Давлати Қатар марҳалаҳои гуногуни ҳамкории дуҷонибаи рушду инкишофро сипарӣ намуд.Имрӯзҳо Қатар ҳамчун шарики муҳими стратегии Тоҷикистон дар минтақаи Ховари Миёна ва ҷаҳони араб дониста мешавад.Дар ин росто тавсеаи ҳамкории судманд бо ин шарики боэътимод яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии муваффақонаи мамлакат мебошад. То имрӯз ҷиҳати инкишофи ҳамкории мутақобилан судманд ва рушди муносибатҳо байни ду давлат дар масъалаҳои дорои манфиати муштарак 16 санади муҳимми ҳамкории байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ ба имзо расидаанд.Бояд тазаккур дод, Тоҷикистон робитаҳои дипломатиро бо Давлати Қатар соли 1994 барқарор карда буд. Фаъолияти Сафорати Давлати Қатар дар шаҳри Душанбе (моҳи ноябри соли 2012) ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Давҳа (моҳи майи соли 2013) оғоз гардид.
https://sputnik.tj/20240122/tojikiston-shahrvandon-qatar-ravodid-1061358789.html
қатар
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/16/1063620797_116:0:1183:800_1920x0_80_0_0_652326fe64330d0ca4e51087bc9f3d48.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, қатар, ҷилавгирӣ, пайвастан, ҷавонон гурӯҳҳои террористӣ, баррасӣ
тоҷикистон, қатар, ҷилавгирӣ, пайвастан, ҷавонон гурӯҳҳои террористӣ, баррасӣ
Душанбеву Доха роҳҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористиро баррасӣ карданд
16:48 22.07.2024 (Навсозишуда: 17:59 22.07.2024) Тоҷикистону Қатар аз роҳҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгарои манфиатҷӯ, ки аз номи дини мубини ислом истифода мебаранд, табодули назар карданд
ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Ин масъала дар мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Давлати Қатар Нурмурод Маҳмадалӣ бо раиси Иттиҳоди ҷаҳонии олимони мусулмон Шайх Алӣ Муҳиддин ал-Қардоғӣ баррасӣ шуд.
Дар ин бора вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ дар мулоқот тарафҳо доир ба роҳҳои пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳаракату гурӯҳҳои террористию ифротгарои манфиатҷӯ, ки аз номи дини мубини ислом истифода мебаранд, эҳтироми расму оинҳои миллию фарҳангӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо мубодилаи афкор намуданд.
Ёдовар мешавем, ки тавре қаблан ВУХ хабар дода буд, Тоҷикистон давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо кишварҳои арабӣ, аз ҷумла бо Давлати Қатар марҳалаҳои гуногуни ҳамкории дуҷонибаи рушду инкишофро сипарӣ намуд.
Имрӯзҳо Қатар ҳамчун шарики муҳими стратегии Тоҷикистон дар минтақаи Ховари Миёна ва ҷаҳони араб дониста мешавад.
Дар ин росто тавсеаи ҳамкории судманд бо ин шарики боэътимод яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии муваффақонаи мамлакат мебошад. То имрӯз ҷиҳати инкишофи ҳамкории мутақобилан судманд ва рушди муносибатҳо байни ду давлат дар масъалаҳои дорои манфиати муштарак 16 санади муҳимми ҳамкории байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ ба имзо расидаанд.
Бояд тазаккур дод, Тоҷикистон робитаҳои дипломатиро бо Давлати Қатар соли 1994 барқарор карда буд. Фаъолияти Сафорати Давлати Қатар дар шаҳри Душанбе (моҳи ноябри соли 2012) ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Давҳа (моҳи майи соли 2013) оғоз гардид.