Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ИИАО меафзояд: рақамҳо

© Sputnik / Светлана ШевченкоУчастники проходят рядом со стендом с символикой Евразийского экономического форума
Участники проходят рядом со стендом с символикой Евразийского экономического форума - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2024
Обуна шудан
Таҳлилгарони КИАО бузургтарин афзоиши тавлидоти саноатиро дар давраи аз январ то майи соли 2024 дар Арманистон сабт карданд
ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Дар кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ афзоиш ёфт.
Ҳамин тариқ, дар панҷ моҳи аввали соли ҷорӣ ин рақам нисбат ба моҳҳои январ-майи соли 2023 5,2 фоиз афзоиш ёфтааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти Комиссияи иқтисодии Авруосиё дар канали Telegram-и худ менависад.
Қайд карда мешавад, ки ин нишондиҳанда дар тамоми кишварҳои узви созмон афзоиш ёфтааст.
Флаги ЕАЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.07.2024
Биржаҳои фондии ИИАО ҳаҷми савдоро зиёд карданд: кадом кишварҳо пешсафанд
Афзоиши бештарро Арманистон нишон дод - болотар аз 22%. Дар Беларусия ҳаҷми маҳсулоти саноат 8%, дар Русия — 5,2%, дар Қазоқистон — 3%, дар Қирғизистон — 2,6% афзуд.
КИАО инчунин қайд кард, ки дар охири моҳи июн таваррум солона дар иттиҳод 8,1%-ро ташкил дод.
Ёдовар мешавем, ки тибқи натиҷаҳои таҳлил дар давоми моҳҳои январ-феврали соли 2024 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё 6,6% афзоиш ёфтааст.
Ба гуфтаи Сергей Глазев, вазири интегратсия ва макроиқтисодии Комиссияи иқтисодии Авруосиё, сатҳи ҳамкориҳои интегратсионӣ дар созмонро метавон пешрафта номид.
Лентаи хабарҳо
0