Имкони ворид намудани шаш ёдгории таърихии вилояти Суғд ба феҳристи ҷаҳонии ЮНЕСКО

© Foto / Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти СуғдМулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо Жанат Сеидалиева
Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо Жанат Сеидалиева - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.07.2024
Обуна шудан
Раиси вилояти Суғд бо ҳайати котиботи номинатсияи фаромиллии Роҳи абрешим: Долони Фарғона — Сирдарё дидору гуфтугӯ кард
ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Масоили муаррифии ёдгориҳои таърихии вилояти Суғд ва шомилсозии онҳо ба Феҳристи ҷаҳонии ЮНЕСКО дар мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳайати котиботи номинатсияи фаромиллии Роҳи абрешим: Долони Фарғона — Сирдарё бо роҳбарии Жанат Сеидалиева баррасӣ кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст.
Раиси вилоят дар ин дидор қайд кард, ки солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон як қатор иншооти таърихиву фарҳангиро эёҳ намуда, онҳоро ба Феҳристи ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид кард.
“Давоми солҳои 2019-2021 ҷиҳати шомилсозии шаш ёдгории таърихӣ, фарҳангӣ ва меъмории ҳудуди вилояти Суғд ба Феҳристи ҷаҳонии ЮНЕСКО корҳои назаррас анҷом дода шуда, ҳадафи ташрифи меҳмонон омӯзиши пурра ва дақиқи ин иншоот мебошад”, - қайд кардааст дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.01.2024
Раҳмон дар бораи ифтитоҳи Намояндагии доимии Тоҷикистон дар назди ЮНЕСКО фармон содир кард
Қайд карда шудааст, ки мутахассисон аз Маҷмааи меъмории Шайх Муслиҳиддин, Қалъаи Ширини ноҳияи Спитамен, сангнигораҳои ноҳияи Ашт, Мақбараи Ҳазрати Шоҳи шаҳри Исфара, Қалъаи Қаҳ-қаҳаи ноҳияи Шаҳристон, мадрасаи Абдулатиф Султон (Нуҳ гумбаз)-и шаҳри Истаравшан боздид карда, дар иншооти фарҳангӣ корҳои омӯзишӣ мегузаронанд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки мутахассисон бо таърихи бойи рангину халқи тоҷик аз наздик шинос шуда, барои воридшавии иншооти нодиру ёдгориҳои қадима ба Феҳристи ҷаҳонии ЮНЕСКО мусоидат мекунанд.
Аҳмадзода қайд кард, ки айни замон дар вилояти Суғд зиёда аз 1190 ёдгории таърихӣ, фарҳангӣ ва меъморӣ ба қайд гирифта шудааст.
Лентаи хабарҳо
0