Фаъолияти 90 ширкат бо саҳми сармояи қазоқистонӣ дар Тоҷикистон

© Foto / Пресс-секретарь Президента Казахстана Берик Уали/facebookФлаги Казахстана и Таджикистана
Флаги Казахстана и Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2024
Обуна шудан
Дар сохтори савдои хориҷии Тоҷикистон дар шаш моҳи соли равон Қазоқистон бо ҳиссаи 15,2% дар ҷои сеюм қарор гирифтааст
ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Дар давоми шаш моҳи соли равон табодули коло миёни Тоҷикистон Қазоқистон 19,5% афзоиш ёфтааст.
Дар ин бора дар ҷаласаи ҳаждаҳуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, техникӣ ва илмӣ, ки дар Душанбе баргузор шуд, хабар дода шуд.
Ҷаласаи мазкур таҳти ҳамраисии муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким ва ҳамраисии муовини Сарвазири Қазоқистон Скляр Роман баргузор гардид.
Дар ин ҷаласа қайд карда шуд, ки дар нимсолаи аввали соли 2024 ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ бо Қазоқистон 668,9 млн. долларро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 109,2 млн.доллар ё 19,5 фоиз афзоиш ёфтааст.
Дар сохтори савдои хориҷии Тоҷикистон дар ин давра Қазоқистон бо ҳиссаи 15,2 фоиз ҷои 3-юмро ишғол мекунад.
Бояд гуфт, ки соли 2023 ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон 1,1 млрд долларро ташкил намуда, дар сохтори савдои хориҷии Тоҷикистон дар соли 2023 Қазоқистон бо ҳиссаи 13,8 фоиз ҷои 4-юмро ишғол менамояд.
Нарезные дольки арбуза - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2024
Яке аз харидорони аслии тарбузҳои Қазоқистон Тоҷикистон будааст
Дар ҷаласа ҷонибҳо барои тақвият додани ҳамкориҳо дар самтҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, саноат, энергетика, нақлиёт, алоқа ва технологияҳои муосир, маориф ва илм, тандурустӣ, сайёҳӣ, меҳнат ва муҳоҷират, иқтисоди рақамию сабз, ҳифзи муҳити зист, варзиш ва таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, бо ҷалби сармоягузорони қазоқӣ ба мувофиқа расиданд.
Зикр гардидааст, ки айни замон дар Тоҷикистон беш аз 90 ширкат бо саҳми сармояи қазоқистонӣ дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, алоқа ва хизматраснӣ фаъолият менамоянд.
Қайд карда шудааст, ки ҷаласа дар фазои дӯстӣ ва якдигарфаҳмӣ баргузор гардида, дар анҷоми он Протокол ба имзо расонида шуд.
Лентаи хабарҳо
0