Афзоиши ҳаҷми боркашонӣ ва мусофиркашонӣ дар қаламрави кишварҳои ИИАО

© Sputnik / Станислав Красильников / Гузариш ба медиабонкПоезда на участке Байкало-Амурской магистрали (БАМ) в Тынде
Поезда на участке Байкало-Амурской магистрали (БАМ) в Тынде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2024
Обуна шудан
Дар қаламрави кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АруОсиё тамоюли афзоиши боркашонию мусофиркашонӣ ба қайд гирифта шудааст
ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Тибқи омор дар қаламрави кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё, ҳаҷми боркашонӣ ва мусофиркашонӣ тамоюли рушд нишон додааст.
Аз моҳи январ-майи соли 2024 (нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта) ҳам гардиши умумии мусофирон дар ИИАО (9,6%) ва ҳам нишондиҳандаҳои миллӣ: дар Русия ва Белоруссия (9,4%), Қазоқистон (13%) ва Киргизистон (4,7%) афзоиш ёфтааст.
Дар ҳамин ҳол, дар давраи ҳисоботӣ гардиши бор дар Қирғизистон (8,4%) ва Белорус (3,9%) низ афзоиш ёфтааст.
Флаги стран-участниц ЕАЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.07.2024
Идомаи афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ИИАО
Қаблан хабар дода шуда буд, ки раҳбарони кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) дар ҷаласаи Шӯрои олии иқтисодии АвруОсиё рӯзи 22 декабр эъломияро дар бораи рушди минбаъдаи равандҳои иқтисодӣ дар доираи АвруОсиё то соли 2030 ва барои давраи то соли 2045 ба имзо расониданд.
Ёдовар мешавем, ки ИИАО як иттиҳодияи иқтисодии байналмилалии ҳамгироӣ мебошад, ки дар заминаи Иттиҳоди гумрукӣ ва Фазои ягонаи иқтисодӣ таъсис ёфта, аз 1 январи соли 2015 фаъолият мекунад.
Дар ҳоли ҳозир Русия, Арманистон, Беларус, Қозоқистон ва Қирғизистон аъзои он ҳастанд.
Лентаи хабарҳо
0