Тоҷикистон смартфону планшетҳо ва соатҳои рақамию ноутбукҳо истеҳсол мекунад

© Unsplash/Glenn Carstens-PetersРабота на компьютере
Работа на компьютере  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.07.2024
Обуна шудан
Тоҷикистон ба яке аз калонтарин истеҳсолкунандагони платаҳои чопӣ (PCBA) ва қисмҳои фурӯзонакҳои диодӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ табдил меёбад
ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Ширкати “Ғаюр Гуруҳ” дар ояндаи наздик ният дорад корхонаи истеҳсоли смартфонҳо, планшетҳо, соатҳои рақамӣ, ноутбукҳо ва камераҳои назоратиро дар шаҳри Душанбе бунёд намояд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ субҳи 16 июл раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба фаъолияти Корхонаи истеҳсоли платаҳои чопӣ ва фурӯзонакҳои диодӣ оғози расмӣ бахшид ва бо раванди истеҳсолот шинос шуданд.
Қайд карда шудааст, ки таҷҳизот ва технологияи наву инноватсионӣ аз Корея, Чин ва Ҷопон харидорӣ ва ба корхона ворид гардидааст.
Эмомали Рахмон и Рустами Эмомали сдали в эксплуатацию предприятие по производству хлебобулочных и кондитерских изделий Общества с ограниченной ответственностью “Нонпаз” в Душанбе. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.07.2024
Ифтитоҳи ду корхонаи нав дар Душанбе
“Бунёди корхонаи мазкур ҳамчунин имкон медиҳад, ки истеҳсоли платаҳои чопӣ (PCBA) ва қисмҳои фурӯзонакҳои диодӣ дар дохил ба роҳ монда шуда, Тоҷикистон ба яке аз калонтарин истеҳсолкунандагони маҳсулоти мазкур дар минтақаи Осиёи Марказӣ табдил ёбад”, - қайд намудааст манбаъ.
Инчунин корхонаи мазкур ният дорад, корхонаи истеҳсоли смартфонҳо, планшетҳо, соатҳои рақамӣ, ноутбукҳо ва камераҳои назоратиро дар шаҳри Душанбе бунёд намояд.
Ҳамчунин қайд карда шудааст, ки корхонаи мазкур аз пажуҳишгоҳи тадқиқот ва рушд, хатҳои истеҳсоли қисмҳои металӣ, пластикӣ, платаҳои чопӣ ва хати васлу насб иборат мебошад.
Лентаи хабарҳо
0