https://sputnik.tj/20240715/sisi-etimodnomai-safiri-tojikiston-qabul-kard-1063536355.html
Сисӣ эътимодномаи сафири Тоҷикистонро қабул кард
Сисӣ эътимодномаи сафири Тоҷикистонро қабул кард
Sputnik Тоҷикистон
Сафири фавқуллода ва мухтори Тоҷикистон дар Миср Парвиз Мирзозода ба раисҷумҳури ин кишвар нусхаи эътимоднома супорид
2024-07-15T17:10+0500
2024-07-15T17:10+0500
2024-07-15T17:10+0500
дар тоҷикистон
миср
ҳамкорӣ
равобит
эътимоднома
абдул фаттоҳ ас-сисӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/0f/1063536058_0:25:1200:701_1920x0_80_0_0_6887d6bcda6be47d217ae621c9c22800.jpg
ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Сафири Тоҷикистон дар Миср Парвиз Мирзозода Эътимодномаи худро ба Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ супорид.Дар ин бора вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, Парвиз Мирзозода салому паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба раисҷумҳури Миср Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ расонд.Сафири Тоҷикистон ҳамчунин бо вазири навтаъйини корҳои хориҷӣ, муҳоҷират ва умури мисриёни хориҷ аз кишвар Бадр Абдулъотӣ мулоқот намуд.Ёдовар мешавем, ки 6 май бо қарори раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Парвиз Мирзозода ҳамчун сафири Тоҷикистон дар Миср таъин шуда буд.Ӯ дар ин вазифа Заробиддин Қосимиро иваз кард.Муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Миср 1 апрели соли 1993 барпо шудааст. Миср истиқлолияти Тоҷикистонро якуми январи соли 1992 ба расмият шинохт.
https://sputnik.tj/20240122/panogoh-gureza-falastin-sarhad-misr-aks-1061355381.html
миср
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/0f/1063536058_0:0:935:701_1920x0_80_0_0_4b9f6e38a54816fa7b2ad0f2c3024249.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон,миср, ҳамкорӣ, равобит, сафир, эътимоднома, сисӣ, раисҷумҳур
тоҷикистон,миср, ҳамкорӣ, равобит, сафир, эътимоднома, сисӣ, раисҷумҳур
Сисӣ эътимодномаи сафири Тоҷикистонро қабул кард
Сафири фавқуллода ва мухтори Тоҷикистон дар Миср Парвиз Мирзозода ба раисҷумҳури ин кишвар нусхаи эътимоднома супорид
ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Сафири Тоҷикистон дар Миср Парвиз Мирзозода Эътимодномаи худро ба Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ супорид.
Дар ин бора вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, Парвиз Мирзозода салому паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба раисҷумҳури Миср Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ расонд.
Сафири Тоҷикистон ҳамчунин бо вазири навтаъйини корҳои хориҷӣ, муҳоҷират ва умури мисриёни хориҷ аз кишвар Бадр Абдулъотӣ мулоқот намуд.
Ёдовар мешавем, ки 6 май бо қарори раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Парвиз Мирзозода ҳамчун сафири Тоҷикистон дар Миср таъин шуда буд.
Ӯ дар ин вазифа Заробиддин Қосимиро иваз кард.
Муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Миср 1 апрели соли 1993 барпо шудааст. Миср истиқлолияти Тоҷикистонро якуми январи соли 1992 ба расмият шинохт.