Сарвазири собиқи Покистон Хон ва ҳамсараш боздошт шуданд

© AP / K.M. ChaudaryБывший премьер-министр Пакистана Имран Хан. Архивное фото
Бывший премьер-министр Пакистана Имран Хан. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.07.2024
Обуна шудан
Вакили дифои нахуствазири собиқ ва ҳамсараш ин боздоштро ғайриқонунӣ хонда, афзуд, аризаи онҳо дар бораи гаравпулӣ аллакай дар Додгоҳи олӣ баррасӣ мешавад.
ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Додгоҳи Покистон сарвазири пешин Имрон Хон ва ҳамсараш Бушра Бибиро бо иттиҳоми нав то 22 июл боздошт кард.
Онҳо ба "сӯиистифода аз ваколат барои харидани тӯҳфаҳо аз хазинаи давлатии Тошахона" муттаҳам мешаванд, хабар медиҳад Geo TV.
Дафтари миллии ҳисоботдиҳӣ, Ожонси мубориза бо фасоди Покистон, иттиҳоми навро камтар аз як рӯз баъд аз он эълом кард, ки додгоҳи Исломобод рӯзи шанбе шикояти Хон ва ҳамсарашро дар бораи бекор кардани ҳукм дар парвандаи издивоҷи ғайриқонунӣ бетағйир гузошт.
Ин охирин парвандаи додгоҳӣ буд, ки муассиси ҳизби "Таҳрики Инсоф"-ро дар зиндон нигоҳ медорад.

"Додгоҳ ба Дафтари миллии ҳисоботдиҳӣ супориш дод, ки ду гумонбарро дар зиндони Адиала бозпурсӣ кунад ва инчунин ба ҳамсарон дастур дод, ки рӯзи 22 июл ба додгоҳ ҳозир шаванд",- гуфт шабакаи телевизионӣ.

Дар навбати худ вакили дифои нахуствазири собиқ ва ҳамсараш ин боздоштро ғайриқонунӣ хонда, афзуд, аризаи онҳо дар бораи гаравпулӣ аллакай дар Додгоҳи олӣ баррасӣ мешавад.
Имрон Хон, ки аз соли 2018 то соли 2022 ҳукумати Покистонро бар ӯҳда дошт, 10 апрели соли 2022 дар натиҷаи овоздиҳии нобоварӣ алайҳи ӯ аз мақомаш барканор шуд.
Моҳи августи соли 2023 Хон дар як парвандаи қаллобӣ дар робита ба фурӯши ашёи қиматбаҳо дар хазинаи давлатии Тошахона боздошт шуд.
Баъдан ба зидди ӯ як қатор айбҳо, аз ҷумла, хиёнат ба давлат вобаста ба паҳн кардани сирри махфӣ ва як қатор айбҳои дигар эълон карда шуданд. Дар ҷараёни баррасии шикоятҳои Хон, аксари иттиҳомоти алайҳи ӯ лағв карда шуданд, вале нахуствазири собиқ дар парвандаи издивоҷи ғайриқонунӣ дар ҳабс боқӣ монд.
Имран Хан, примьер министр Пакистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.10.2023
Имрон Хон барои ифшои сирри давлатӣ гунаҳкор шуд
Қаблан як гурӯҳи кории СММ оид ба боздошти худсарона озодии фаврии сарвазири пешини Покистон Имрон Хонро талаб карда, гуфта буд, ки дастикам ду парвандаи алайҳи ӯ ангезаи сиёсӣ доранд ва ҳадафаш хориҷ кардани ӯ аз ҳаёти сиёсӣ аст.
Аз ҷумла, коршиносони СММ боздошт ва таъқиби Хон дар нахустин парвандаи фасод дар хазинаи миллии Тошахона ва дар мавриди ифшои сирри давлатӣ "ангезаи сиёсӣ"-ро барои хориҷ кардани ӯро аз ширкати сиёсӣ медонанд.
Дар навбати худ вазири адлияи Покистон Аъзам Назир Тарор мурофиаҳои зидди сарвазири собиқ Имрон Хонро кори дохилии Покистон номид.
Лентаи хабарҳо
0