Хатлон ният дорад содиротро афзоиш диҳад

© Пресс-служба председателя Согдийской областиАштские абрикосы ежедневно экспортируют в Россию и Казахстан
Аштские абрикосы ежедневно экспортируют в Россию и Казахстан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2024
Обуна шудан
Кишоварзони вилояти Хатлон ҳамасола ба кишварҳои хориҷи наздику дур беш аз 100 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот мекунанд
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Тибқи омори намояндагии Агентии содирот, дар вилояти Хатлон аз моҳи январ то охири моҳи июни соли равон 13037,3 тонна маҳсулоти кишоварзӣ аз вилояти Хатлон ба хориҷи кишвар содирот шудааст.
Ба иттилои манбаъ, аз ҷумла ба хориҷ 8,7 ҳазор тонна пиёз, 423,7 тонна лаблабу, 379 тонна карам, 572,7 тонна зардолу, 975 тонна тухми офтобпараст, 7,6 тонна писта, 18,6 тонна чормағзи заминӣ, 120 тонна ангур, 2,5 ҳазор тонна олу, 46,6 тонна каду, 8,6 тонна сирпиёз, 402,5 тонна тарбуз, 36,8 тонна себ, 6 тонна харбуза, 9 тонна шафтолу содирот шудааст.
Ба иттилои манбаъ, имсол танҳо аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба хориҷи кишвар беш аз 330 тонна тарбузи зард ва сиёҳи бедона интиқол гардидааст. Соли гузашта ҳиссаи вилояти Хатлон дар ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии кишвар 56 фоизро ташкил дода буд.
Работа грузового контейнерного терминала - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.07.2024
Воридот бештар аз содирот: Мақомоти Суғд гуфт бо хориҷ чӣ қадар савдо кардааст
Вилояти Хатлон нисбат ба дигар минтақаҳои Тоҷикистон барои афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ имкониятҳои бештар дорад ва кишоварзони вилоят дар ҳифзи амнияти озуқавории кишвар ва таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ ҳиссагузормебошанд.
Ҳамасола дар вилоят беш аз 250 ҳазор тонна пахта, 2,5 млн тонна меваю сабзавот, ангур ва зироатҳои полизӣ, инчунин, 1 млн адад пӯсти чорвои калону майда ва 6 ҳазор тонна пашм истеҳсол мегардад.
Кишоварзон ҳамасола ба кишварҳои хориҷи наздику дур беш аз 100 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0