https://sputnik.tj/20240714/elon-rohbandii-semoha-daho-dushanbe-1063521316.html
Эълони роҳбандии беш аз якмоҳа дар бархе аз ҷодаҳои Душанбе
Эълони роҳбандии беш аз якмоҳа дар бархе аз ҷодаҳои Душанбе
Sputnik Тоҷикистон
Шаҳрдории Душанбе бинобар анҷоми корҳои таъмирӣ қарор баровард, ки муддати беш аз як моҳ бархе аз ҷодаҳои пойтахт масдуд мешаванд 14.07.2024, Sputnik Тоҷикистон
2024-07-14T12:02+0500
2024-07-14T12:02+0500
2024-07-15T18:01+0500
дар тоҷикистон
душанбе
нақлиёт
роҳбандӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/1e/1051045975_0:194:2953:1855_1920x0_80_0_0_a6e6548838b4cd7e9cbb08e06c34a3f4.jpg
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Ҳаракати воситаҳои нақтиёл аз хиёбони Ҳ.Шерозӣ пайваст ба кӯчаи А.Қаҳҳоров то кӯчаи М.Маҳмадалӣ барои тақрибан 40 рӯз баста хоҳад шуд.Дар ин бора шаҳрдории Душанбе бо нашри қарори марбутаи раиси пойтахт, Рустами Эмомалӣ хабар дод.Манбаъ масдудияти ҳаракати нақлиёт дар ин масирро ба анҷом додани корҳои таъмирӣ рабт дод.Дар робита ба ин, аз шаҳрвандон ва ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш карда шуд, ки аз роҳҳои мошингарди кӯчаҳои ҳамшафат истифода намоянд.Маврид ба зикр аст, ки то 20 август ҳаракати нақлиёт тариқи роҳи кӯчаи Шамсии ноҳияи Сино масдуд аст. Ин масир низ бо қарор Рустами Эмомалӣ ба хотири анҷоми корҳои таъмирӣ баста шуд.
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/1e/1051045975_111:0:2842:2048_1920x0_80_0_0_777109ed6fadf646edfa6b51b2a76c04.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, душанбе, нақлиёт, роҳбандӣ
дар тоҷикистон, душанбе, нақлиёт, роҳбандӣ
Эълони роҳбандии беш аз якмоҳа дар бархе аз ҷодаҳои Душанбе
12:02 14.07.2024 (Навсозишуда: 18:01 15.07.2024) Шаҳрдории Душанбе бинобар анҷоми корҳои таъмирӣ қарор баровард, ки муддати беш аз як моҳ бархе аз ҷодаҳои пойтахт масдуд мешаванд
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Ҳаракати воситаҳои нақтиёл аз хиёбони Ҳ.Шерозӣ пайваст ба кӯчаи А.Қаҳҳоров то кӯчаи М.Маҳмадалӣ барои тақрибан 40 рӯз баста хоҳад шуд.
Дар ин бора шаҳрдории Душанбе бо нашри қарори марбутаи раиси пойтахт, Рустами Эмомалӣ хабар дод.
"Аз хиёбони Ҳ.Шерозӣ пайваст ба кӯчаи А.Қаҳҳоров то кӯчаи М.Маҳмадалӣ, аз санаи 13-уми июли соли 2024 то 25 августи соли 2024 ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, муваққатан қатъ карда мешавад", - омадааст дар хабарнома.
Манбаъ масдудияти ҳаракати нақлиёт дар ин масирро ба анҷом додани корҳои таъмирӣ рабт дод.
Дар робита ба ин, аз шаҳрвандон ва ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш карда шуд, ки аз роҳҳои мошингарди кӯчаҳои ҳамшафат истифода намоянд.
Маврид ба зикр аст, ки то 20 август ҳаракати нақлиёт тариқи роҳи кӯчаи Шамсии ноҳияи Сино масдуд аст. Ин масир низ бо қарор Рустами Эмомалӣ ба хотири анҷоми корҳои таъмирӣ баста шуд.