Ярмаркаҳои либосҳои мактабӣ дар куҷои Душанбе ташкил карда мешаванд?

Обуна шудан
Дар чаҳор ноҳияи Душанбе ярмаркаҳои либоси мактабӣ ташкил карда мешавад. Ярмаркаи аслӣ дар бозори "Саховат" дар маркази тиҷоратии "Панҷшер" ташкил мешавад
Аз 1 август дар шаҳри Душанбе ярмаркаҳои либоси мактабӣ оғоз мешаванд. Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати пойтахт хабар додааст.
Бозорҳо ҳар рӯз аз соати 9 субҳ ба вақти Душанбе ба кори худ оғоз хоҳанд кард. Дар ин ярмаркаҳо сокинони шаҳр метавонанд либоси мактабӣ, пойафзол ва лавозимоти канселярии заруриро барои таҳсил бо нархи арзон харидорӣ намоянд.
Шаҳрдорӣ шарҳ додааст, ки дар ярмаркаҳо беш аз 20 корхона ширкати ватанӣ иштирок хоҳанд кард.
Ярмаркаҳои мазкур дар чаҳор ноҳияи шаҳр ташкил карда мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0