https://sputnik.tj/20240713/tojikiston-portal-davlati-justuju-kor-1063517047.html
Дар Тоҷикистон портали давлатии ҷустуҷӯи кор дубора ба кор даромад
Дар Тоҷикистон портали давлатии ҷустуҷӯи кор дубора ба кор даромад
Sputnik Тоҷикистон
Портали навшудаи ҷустуҷӯи кор дар Тоҷикистон се забонро дастгирӣ мекунад: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ. Барномаҳо дар Android ва iOS низ мавҷуданд 13.07.2024, Sputnik Тоҷикистон
2024-07-13T12:57+0500
2024-07-13T12:57+0500
2024-07-13T12:57+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
сомона
русия
вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/05/02/1062692611_0:159:3078:1890_1920x0_80_0_0_f7e2aa2dbb33240b67eee733eb2b8d3e.jpg
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон портали давлатии ҷустуҷӯи кор дубора фаъол шуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти сафорати Русия дар ҷумҳурӣ. Сомонаи навшудаи Kor.tj аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон муаррифӣ шудааст. Модернизатсияи он бо кумаки лоиҳаи Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид "Такмилдиҳии ҷавонон тавассути рушди касбӣ ва инноватсия", ки аз ҷониби Федератсияи Русия маблағгузорӣ мешавад, имконпазир гардид. Портал се забонро дастгирӣ мекунад: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ. Барномаҳо барои смартфонҳо дар Android ва iOS низ мавҷуданд.Ба гуфтаи Қиёмиддин Давлатзода, муовини раиси Вазорати меҳнати Тоҷикистон, ин сомона мақоми як манбаи расмӣ барои нашри ҷойҳои холии ҳам аз ҷониби ниҳодҳои давлатӣ ва ҳам ширкатҳои хусусӣ хоҳад дошт.Ифтитоҳи ин сомона ба ҳалли мушкилоти рақамисозии хадамоти давлатӣ дар Тоҷикистон мусоидат мекунад.Зимнан, мушовири сафири Русия дар Тоҷикистон Вера Хуторская қайд кард, ки лоиҳаи мазкур ба дастгирии ҷавонони тоҷик нигаронида шудааст. Лоиҳаи "Такмил додани имкониятҳои ҷавонон тавассути рушди касбӣ ва инноватсия" аз ҷониби БРСММ 1 январи соли 2022 бо дастгирии молиявии Федератсияи Русия оғоз гардид. Он идомаи ташаббуси русии "Ҷавонон барои тиҷорат ва инноватсия", ки дар ҷумҳурӣ аз соли 2019 то соли 2021 амалӣ шуда буд, гардид.
https://sputnik.tj/20240712/taloshi-maqomoti-khatlon-tamini-kor-muhojir-vurud-rusiya-man-1063503120.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/05/02/1062692611_380:238:2700:1978_1920x0_80_0_0_e8c16ce736b1d83e6bd5914e9867525b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, иҷтимоъ, сомона, русия, вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии тоҷикистон
дар тоҷикистон, иҷтимоъ, сомона, русия, вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии тоҷикистон
Дар Тоҷикистон портали давлатии ҷустуҷӯи кор дубора ба кор даромад
Портали навшудаи ҷустуҷӯи кор дар Тоҷикистон се забонро дастгирӣ мекунад: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ. Барномаҳо дар Android ва iOS низ мавҷуданд
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон портали давлатии ҷустуҷӯи кор дубора фаъол шуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти сафорати Русия дар ҷумҳурӣ.
Сомонаи навшудаи Kor.tj аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон муаррифӣ шудааст.
Модернизатсияи он бо кумаки лоиҳаи Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид "Такмилдиҳии ҷавонон тавассути рушди касбӣ ва инноватсия", ки аз ҷониби Федератсияи Русия маблағгузорӣ мешавад, имконпазир гардид.
Портал се забонро дастгирӣ мекунад: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ. Барномаҳо барои смартфонҳо дар Android ва iOS низ мавҷуданд.
Ба гуфтаи Қиёмиддин Давлатзода, муовини раиси Вазорати меҳнати Тоҷикистон, ин сомона мақоми як манбаи расмӣ барои нашри ҷойҳои холии ҳам аз ҷониби ниҳодҳои давлатӣ ва ҳам ширкатҳои хусусӣ хоҳад дошт.
Ифтитоҳи ин сомона ба ҳалли мушкилоти рақамисозии хадамоти давлатӣ дар Тоҷикистон мусоидат мекунад.
Зимнан, мушовири сафири Русия дар Тоҷикистон Вера Хуторская қайд кард, ки лоиҳаи мазкур ба дастгирии ҷавонони тоҷик нигаронида шудааст.
"Бовар дорам, ки портал ба духтарону писарони ҷавоне, ки мехоҳанд дар Тоҷикистон иқтидори касбии худро амалӣ гардонанд, кӯмак хоҳад кард", - гуфт ӯ ва аз корфармоён даъват кард, ки аз имконоти манбаи интернетӣ барои ҷойгиркунии ҷойҳои холӣ фаъолона истифода баранд.
Лоиҳаи "Такмил додани имкониятҳои ҷавонон тавассути рушди касбӣ ва инноватсия" аз ҷониби БРСММ 1 январи соли 2022 бо дастгирии молиявии Федератсияи Русия оғоз гардид. Он идомаи ташаббуси русии "Ҷавонон барои тиҷорат ва инноватсия", ки дар ҷумҳурӣ аз соли 2019 то соли 2021 амалӣ шуда буд, гардид.