Дар Душанбе 6 маҳаллаву 11 шаҳрак беоб мемонанд

© Sputnik / Евгений Одиноков / Гузариш ба медиабонкКран в доме
Кран в доме  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2024
Обуна шудан
Сокинони шаҳру маҳаллаҳои зиёд дар пойтахт давоми як шабонарӯз аз истифодаи оби нӯшокӣ маҳрум мемонанд
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз маҳдудияти интиқоли об дар бархе аз манотиқи шаҳр хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, бо сабаби ба анҷом расонидани корҳои барқарорсозии роҳи мошингарди кӯчаи Шамсӣ ва дар доираи лоиҳаи "Обтаъминкунӣ ва корезии шаҳри Душанбе" интиқоли об қатъ мегардад.
Маҳдудияти интиқоли об аз соати 23:00-и 15 июл то соати 16:00 - и 16 июл, яъне ба муҳлати як шабонарӯз қатъ мегардад.
На таджикско-афганской границе, Пяндж - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.06.2024
Ҳавзаи дарёи Панҷ таҳти назорат: чаро?
Ҳамин тариқ дар таърихи зикршуда, дар маҳаллаҳои Шишхона, Ҳаёти нав, Дӯстӣ, Мовароуннаҳр, Камонгарон, Чортеппа, шаҳракҳои 11, 12, 13, 14, 15, 31, 32, 83, 84, 103 ва 104 интиқоли оби нӯшокӣ қатъ мегардад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз сокинони пойтахт хоҳиш менамояд, ки дар ин рӯз миқдори зарурии обро захира намоянд.
Лентаи хабарҳо
0