https://sputnik.tj/20240711/afzoishi-intiqoli-pul-tojikiston-baor-foiz-ziyod-1063494330.html
Афзоиши интиқоли пул ба Тоҷикистон: БАОР гуфт чанд фоиз зиёд шудааст
Афзоиши интиқоли пул ба Тоҷикистон: БАОР гуфт чанд фоиз зиёд шудааст
Sputnik Тоҷикистон
Ба иттилои БАОР дар семоҳаи аввали соли равон ҳаҷми интиқоли пули муҳоҷирони меҳнтаӣ аз кишварҳои мухталиф ба Тоҷикистон 56% афзоиш ёфтааст
2024-07-11T18:29+0500
2024-07-11T18:29+0500
2024-07-11T19:01+0500
дар тоҷикистон
муҳоҷирони корӣ
интиқоли пул
баор
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/02/06/1061587858_0:40:3072:1768_1920x0_80_0_0_ccc89a74f77d2a60eed6514d1f13a69c.jpg
ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Ҳаҷми интиқоли пул аз хориҷ ба Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли равон дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 56% афзоиш ёфт.Дар ин бора дар гузориши ахири Бонки АвруОсиёии Рушд гуфта шудааст.“Дар семоҳаи аввали соли равон интиқоли пул ба Тоҷикистон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 56% афзоиш ёфтааст, ки ин ба афзоиши гардиши меҳнатии байналмилалӣ ва фаъолияти қавии иқтисодӣ дар кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон вобаста аст”, - гуфта шудааст дар гузориш.Таҳлилгарони БАОР қайд кардаанд, ки ин омор арзёбии онҳоро дар бораи динамикаи интиқоли пул, ки барои иқтисоди Тоҷикистон мусбӣ аст, тасдиқ мекунад.Тибқи маълумоти Бонки Ҷаҳонӣ, дар соли 2022 интиқоли пул ба ҷумҳурӣ афзоиш ёфта ба 5,3 млрд доллар ё 49 дарсади ММД расид, ин дар ҳолест, ки ҳаҷми интиқоли пул дар соли 2021 2,9 млрд долларро ташкил дода буд.Дар соли 2023 тамоюли болоравии интиқоли пули муҳоҷирон идома ёфта, ба Тоҷикистон 5,7 млрд доллар ворид шудааст.Самти аслии муҳоҷирати корӣ аз Тоҷикистон Русия боқӣ мондааст, ки тибқи иттилои манобеъи мухталиф дар он беш аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд.
https://sputnik.tj/20231119/intiqoli-pul-turkiya-osiyoi-markazi-oson-1060519866.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/02/06/1061587858_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_2b0fa0fe0a11804adcf423436cff7bcb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, сомонӣ, интиқоли пул, афзоиш, баор, муҳоҷирони меҳнатӣ
тоҷикистон, сомонӣ, интиқоли пул, афзоиш, баор, муҳоҷирони меҳнатӣ
Афзоиши интиқоли пул ба Тоҷикистон: БАОР гуфт чанд фоиз зиёд шудааст
18:29 11.07.2024 (Навсозишуда: 19:01 11.07.2024) Ба иттилои Бонки АвруОсиёии Рушд (БАОР) дар семоҳаи аввали соли равон ҳаҷми интиқоли пули муҳоҷирони меҳнатӣ аз кишварҳои мухталиф ба Тоҷикистон 56% афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Ҳаҷми интиқоли пул аз хориҷ ба Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли равон дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 56% афзоиш ёфт.
Дар ин бора дар гузориши ахири Бонки АвруОсиёии Рушд гуфта шудааст.
“Дар семоҳаи аввали соли равон интиқоли пул ба Тоҷикистон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 56% афзоиш ёфтааст, ки ин ба афзоиши гардиши меҳнатии байналмилалӣ ва фаъолияти қавии иқтисодӣ дар кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон вобаста аст”, - гуфта шудааст дар гузориш.
Таҳлилгарони БАОР қайд кардаанд, ки ин омор арзёбии онҳоро дар бораи динамикаи интиқоли пул, ки барои иқтисоди Тоҷикистон мусбӣ аст, тасдиқ мекунад.
"Мо интизор дорем, ки афзоиши ҳаҷми интиқоли пул яке аз омилҳои афзоиши ММД-и кишвар то 8% дар соли 2024 хоҳад буд", - омадааст дар гузориш.
Тибқи маълумоти Бонки Ҷаҳонӣ, дар соли 2022 интиқоли пул ба ҷумҳурӣ афзоиш ёфта ба 5,3 млрд доллар ё 49 дарсади ММД расид, ин дар ҳолест, ки ҳаҷми интиқоли пул дар соли 2021 2,9 млрд долларро ташкил дода буд.
Дар соли 2023 тамоюли болоравии интиқоли пули муҳоҷирон идома ёфта, ба Тоҷикистон 5,7 млрд доллар ворид шудааст.
Самти аслии муҳоҷирати корӣ аз Тоҷикистон Русия боқӣ мондааст, ки тибқи иттилои манобеъи мухталиф дар он беш аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд.