Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Вазорати дифои Русия видео нобудсозии корвони техникаи артиши Украинаро нашр кард

Обуна шудан
Артиши Русия дар вилояти Сумии Украина дар натиҷаи як зарбаи мушакӣ корвони мошинҳои зиреҳпуш ва сарбозони нерӯҳои Украинаро нобуд кард
Вазорати дифои Русия видеои нобудсозии корвони таҷҳизоти низомии нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар вилояти Сумиро нашр кард.
Дар наворе, ки беш аз як дақиқа давом дорад зарбаи мушаки "Искандар" ба корвони низомии артиши Украина дар наздикии рустои Стетковка дида мешавад.
Дар навор таркиш ва сӯхтори техника дида мешавад.
Ба гуфтаи вазорати дифоъ дар ин ҳамла як анбори тиру тӯп, 20 мошини ҳарбӣ ва ҳамчунин то 65 сарбоз нобуд карда шуданд.
Ваъдаи миллионҳо доллар ба халлабони рус барои рабудани ҳавопаймои ҷангӣ
Ёдовар мешавем, ки Русия аз 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомиро анҷом медиҳад.
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин вазифаи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижа озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.
Кишварҳои ғарбӣ ширкат дар даргириҳо дар Украинаро расман рад мекунанд, аммо ба таъмини нирӯҳои мусаллаҳи Украина ба силоҳ идома медиҳанд.
Лентаи хабарҳо
0