Рушди иқтисоди Тоҷикистон дар рақам

Обуна шудан
Таҳлилгарони Хазинаи субот ва рушд Авруосиё хабар додааст, ки рушди ММД дар Тоҷикистон болотар аз 8% боқӣ мемонад
Дар Тоҷикистон саҳми бахши хидматрасонӣ ва кишоварзӣ дар рушди иқтисоди кишвар коҳиш ёфтааст.
Дар ин бора дар гузориши Хазинаи субот ва рушди Авруосиё қайд карда шудааст.
Дар ин гузориш гуфта мешавад, ки рушд бо афзоиши саҳми бахши саноат ва сохтмон таъмин карда шуд.
Саҳми бахши хизматрасонӣ аз 4,7 то 4,3 банди фоизӣ коҳиш ёфт. Коҳишёбӣ ба сабаби кам шудани ҳиссаи савдои яклухт ва чакана ва дигар хизматрасонӣ сурат гирифтааст.
Ҳамчунин, дар натиҷаи афзоиши босуръати саноат ва сармоягузорӣ саҳми кишоварзӣ то 0,1 банди фоизӣ коҳиш ёфт. (0,5 банди фоизӣ дар семоҳаи якуми соли 2023).
Дар ҳоле ки саҳми саноат аз 1 то 1,3 банди фоизӣ афзуд.
Лентаи хабарҳо
0