https://sputnik.tj/20240709/bozdoshti-raisi-filarmoniya-tojikiston-obuloy-pul-buja-1063459561.html
Боздошти собиқ раиси Филармонияи давлатии Тоҷикистон барои "обулой"-и пулҳои буҷа
Боздошти собиқ раиси Филармонияи давлатии Тоҷикистон барои "обулой"-и пулҳои буҷа
Sputnik Тоҷикистон
Собиқ директори муассисаи давлатии “Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷӯраев” ба тасарруфи маблағҳои буҷетӣ гумонбар дониста мешавад
2024-07-09T13:16+0500
2024-07-09T13:16+0500
2024-07-09T13:22+0500
дар тоҷикистон
пул
маблағ
коррупсия
роҳбар
филармонияи давлатии ба номи акашариф ҷӯраев
боздошт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103078/00/1030780092_0:0:3067:1725_1920x0_80_0_0_7dce5810d02b31bbb5dbc0e6eb37ed30.jpg
ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Ба иттилои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон нисбати Кароматулло Раҳимзода собиқ директори “Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷӯраев” парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.Ба иттилои манбаъ, номбурда дар давраи фаъолияти кориаш бо истифода аз ваколати мансабӣ ва дар асоси маслиҳати пешакӣ бо дигар шахсон дар ҳолати зерин даст ба ҷинояти азхудкунӣ ва сохтакории хизматӣ даст задааст.“Дар давраи фаъолияти кориаш қасди тасарруфи маблағҳои буҷетиро бо роҳи азонихудкунӣ назди худ пеша намуда, дар асоси маслиҳати пешакӣ бо сармуҳосиби ҳамин муассиса ва соҳибкор маблағҳои барои пардохти музди меҳнат, гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ, мукофотпулиҳо ва дигар хароҷотҳои муассиса пешбинишударо, ки дар ихтиёрдориашон қарор дошт, бо роҳи азонихудкунӣ тасарруф намуданд”, - қайд кардааст Агентӣ.Манбаъ қайд кардааст, ки собиқ роҳбари филармония бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ ҷамъ маблағи беш аз 834 ҳазор сомониро аз худ кардааст.Агентӣ таъкид кардааст, ки бо ин кирдор номбурда ба давлат зарари махсусан калони моддӣ расонидааст.Дар ҳоли ҳозир нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, дар рафти тафтиши пешакӣ зарари ба давлат расонидашуда пурра барқарор гардидааст.Ҳамчунин хабар дода шудааст, ки парвандаи ҷиноятӣ баъди анҷоми тафтиши пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол гардидааст.Ёдовар мешавем, ки Кароматулло Раҳимзода аз 20 феврали соли 2020 то 19 сентябри соли 2023 дар вазифаи директори Муассисаи давлатии “Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷӯраев” кору фаъолият карда буд.Соли 2020 номбурда дар ин вазифа овозхони маъруфи тоҷик Афзалшоҳ Шодиевро иваз карда буд. Афзалшоҳ Шодиев аз соли 1985 дар Филармония фаъолият карда, соли 2014 ба вазифаи роҳбарӣ таъин гардида буд.
https://sputnik.tj/20240218/raisi-khadamoti-gumruk-korrupsiya-1061731122.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103078/00/1030780092_186:0:2915:2047_1920x0_80_0_0_5daf41f96d451e6c124703f95d88d0d4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, боздошт, филармония, коррупсия, ришва, обулой, пул, буҷа
тоҷикистон, боздошт, филармония, коррупсия, ришва, обулой, пул, буҷа
Боздошти собиқ раиси Филармонияи давлатии Тоҷикистон барои "обулой"-и пулҳои буҷа
13:16 09.07.2024 (Навсозишуда: 13:22 09.07.2024) Собиқ директори муассисаи давлатии “Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷӯраев” ба тасарруфи маблағҳои буҷетӣ гумонбар дониста мешавад
ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Ба иттилои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон нисбати Кароматулло Раҳимзода собиқ директори “Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷӯраев” парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Ба иттилои манбаъ, номбурда дар давраи фаъолияти кориаш бо истифода аз ваколати мансабӣ ва дар асоси маслиҳати пешакӣ бо дигар шахсон дар ҳолати зерин даст ба ҷинояти азхудкунӣ ва сохтакории хизматӣ даст задааст.
“Дар давраи фаъолияти кориаш қасди тасарруфи маблағҳои буҷетиро бо роҳи азонихудкунӣ назди худ пеша намуда, дар асоси маслиҳати пешакӣ бо сармуҳосиби ҳамин муассиса ва соҳибкор маблағҳои барои пардохти музди меҳнат, гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ, мукофотпулиҳо ва дигар хароҷотҳои муассиса пешбинишударо, ки дар ихтиёрдориашон қарор дошт, бо роҳи азонихудкунӣ тасарруф намуданд”, - қайд кардааст Агентӣ.
Манбаъ қайд кардааст, ки собиқ роҳбари филармония бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ ҷамъ маблағи беш аз 834 ҳазор сомониро аз худ кардааст.
Агентӣ таъкид кардааст, ки бо ин кирдор номбурда ба давлат зарари махсусан калони моддӣ расонидааст.
Дар ҳоли ҳозир нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, дар рафти тафтиши пешакӣ зарари ба давлат расонидашуда пурра барқарор гардидааст.
Ҳамчунин хабар дода шудааст, ки парвандаи ҷиноятӣ баъди анҷоми тафтиши пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки Кароматулло Раҳимзода аз 20 феврали соли 2020 то 19 сентябри соли 2023 дар вазифаи директори Муассисаи давлатии “Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷӯраев” кору фаъолият карда буд.
Соли 2020 номбурда дар ин вазифа овозхони маъруфи тоҷик Афзалшоҳ Шодиевро иваз карда буд. Афзалшоҳ Шодиев аз соли 1985 дар Филармония фаъолият карда, соли 2014 ба вазифаи роҳбарӣ таъин гардида буд.