https://sputnik.tj/20240708/rasulzoda-viloyati-sverdlovsk-rusiya-rushdi-munosibat-1063451530.html
Расулзода аз саҳми вилояти Свердловски Русия дар рушди муносибатҳои дуҷониба таъкид кард
Расулзода аз саҳми вилояти Свердловски Русия дар рушди муносибатҳои дуҷониба таъкид кард
Sputnik Тоҷикистон
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар шаҳри Екатеринбург бо Губернатори вилояти Свердловск Евгений Куйвашев мулоқот кард
2024-07-08T13:36+0500
2024-07-08T13:36+0500
2024-07-08T15:36+0500
дар тоҷикистон
свердловск
ҳамкорӣ
русия
иқтисод
саноат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/08/1063451359_0:0:601:338_1920x0_80_0_0_ce0ac1cf92f96aabd22b265a19423f97.jpg
ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Дар мулоқот Қоҳир Расулзода Русияро шарики асосии стратегии Тоҷикистон номида, саҳми вилояти Свердловскро дар рушди муносибатҳои дуҷониба баланд арзёбӣ кард.Зимни мулоқот ҷонибҳо масоили рушди ҳамкориро дар соҳаи саноати кӯҳӣ, энергетика ва кишоварзӣ баррасӣ намуданд.Татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи маориф низ дар меҳвари мулоқоти ҷонибҳо қарор дошт.Дар ҳамин ҳол, Евгений Куйвашев дар дидор бо сарвазири Тоҷикистон гуфт, ки имкониятҳои вилояти Свердловск, ҳамчун бузургтарин маркази саноатии Урал ва тамоми Русия, метавонад барои рушди бо суръати саноаткунонии Тоҷикистон кумак намояд.“Мо омодаем таҷриба ва салоҳиятҳои худро барои татбиқи барномаи саноаткунонии босуръати Тоҷикистон пешниҳод намоем. Мо ҳоло ҳамкориҳоро дар соҳаи саноати кӯҳӣ, энергетика ва кишоварзӣ тақвият медиҳем. Аз ҷумлаи муваффақтаринҳо интиқоли таҷҳизоти энергетикӣ дар чаҳорчӯби лоиҳаи пайвастани Тоҷикистон ба системаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ, мелиоратсия ва ҳосилхезии заминҳо ва истихроҷи сурма мебошанд”, - гуфт Евгений Куйвашев.Раиси вилояти Свердловск гуфт, дар ҳоли ҳозир вилоят лоиҳаи навсозии зербиноҳои гидротехникии вилояти Суғди Тоҷикистонро баррасӣ дорад.Ёдовар мешавем, ки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷиҳати иштирок дар Намоишгоҳи 14-уми байналмилалии саноатии "INNOPROM" дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия қарор дорад.
https://sputnik.tj/20240708/tojikiston-mintaqaho-rusiya-dodugirift-ziyodtar-1063450973.html
свердловск
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/08/1063451359_29:0:562:400_1920x0_80_0_0_9699910d2d62de35417843405e5e3c09.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, тиҷорат, саноат, иқтисод, равобит, свердловск
тоҷикистон, русия, тиҷорат, саноат, иқтисод, равобит, свердловск
Расулзода аз саҳми вилояти Свердловски Русия дар рушди муносибатҳои дуҷониба таъкид кард
13:36 08.07.2024 (Навсозишуда: 15:36 08.07.2024) Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар шаҳри Екатеринбург бо губернатори вилояти Свердловск Евгений Куйвашев мулоқот кард
ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Дар мулоқот Қоҳир Расулзода Русияро шарики асосии стратегии Тоҷикистон номида, саҳми вилояти Свердловскро дар рушди муносибатҳои дуҷониба баланд арзёбӣ кард.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масоили рушди ҳамкориро дар соҳаи саноати кӯҳӣ, энергетика ва кишоварзӣ баррасӣ намуданд.
Татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи маориф низ дар меҳвари мулоқоти ҷонибҳо қарор дошт.
Дар ҳамин ҳол, Евгений Куйвашев дар дидор бо сарвазири Тоҷикистон гуфт, ки имкониятҳои вилояти Свердловск, ҳамчун бузургтарин маркази саноатии Урал ва тамоми Русия, метавонад барои рушди бо суръати саноаткунонии Тоҷикистон кумак намояд.
“Мо омодаем таҷриба ва салоҳиятҳои худро барои татбиқи барномаи саноаткунонии босуръати Тоҷикистон пешниҳод намоем. Мо ҳоло ҳамкориҳоро дар соҳаи саноати кӯҳӣ, энергетика ва кишоварзӣ тақвият медиҳем. Аз ҷумлаи муваффақтаринҳо интиқоли таҷҳизоти энергетикӣ дар чаҳорчӯби лоиҳаи пайвастани Тоҷикистон ба системаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ, мелиоратсия ва ҳосилхезии заминҳо ва истихроҷи сурма мебошанд”, - гуфт Евгений Куйвашев.
Раиси вилояти Свердловск гуфт, дар ҳоли ҳозир вилоят лоиҳаи навсозии зербиноҳои гидротехникии вилояти Суғди Тоҷикистонро баррасӣ дорад.
Ёдовар мешавем, ки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷиҳати иштирок дар Намоишгоҳи 14-уми байналмилалии саноатии "INNOPROM" дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия қарор дорад.