https://sputnik.tj/20240703/sadamai-mudhish-halokati-se-uzbekistoni-khonavodai-tojik-1063412495.html
Ду садамаи мудҳиш: ҳалокати се узбекистонӣ ва панҷ узви як хонаводаи тоҷик
Ду садамаи мудҳиш: ҳалокати се узбекистонӣ ва панҷ узви як хонаводаи тоҷик
Sputnik Тоҷикистон
КҲФ-и Тоҷикистон аз ҳалокати 8 нафар, се шаҳрванди Узбекистон ва панҷ узви як оила аз Тоҷикистон дар ду садамаи маргбор хабар дод
2024-07-03T15:48+0500
2024-07-03T15:48+0500
2024-07-03T17:06+0500
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
садама
дар тоҷикистон
узбекистон
ҳалокат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/03/1063412142_0:61:640:421_1920x0_80_0_0_b27a8337ef0a64f11e0f684ea3c8cd42.jpg
ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар як садамае, ки ахиран дар километри 50-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд рух дод, се шаҳрванди Узбекистон (ду мард ва як зан) ба ҳалокат расиданд.Ба иттилои манбаъ, мошини тамғаи “Daewoo Nexia”, ки аз шаҳри Хуҷанд ба самти Душанбе дар ҳоли ҳаракат буд, ба мошини боркаши тамғаи КАМАЗ бархӯрдааст.Бар асари ин садамаи маргбор ронанда ва ду ҳамсафари ӯ, ки ҳамагӣ шаҳрвандони Узбекистон буданд, дар ҷойи ҳодиса ҷон бохтанд.Қайд карда шудааст, ки худи ҳамон рӯз КҲФ-и Тоҷикистон бо ҳамтоёни худ аз Узбекистон дар тамос шуданд ва дар бораи ҳалокшудагон ва садамаи рухдода пурра маълумот доданд.Ҳамчунин як садамаи мудҳиши дигар дар қаламрави ноҳияи Айнии вилояти Суғд рух додааст.Дар роҳи Айнӣ-Мастчоҳи Кӯҳӣ, дар наздикии деҳаи Шавакти Поёни ҷамоати деҳоти Рарзи ноҳияи Айнӣ мошини тамғаи "Musso", ки аз ҷониби як сокини 32-солаи рустои Шавакти Поён идора мешуд, ба як ҷарии умқаш 450 метр сарозер шуд.Бар асари ин садамаи мудҳиш ҳамаи дохили мошинбудагон, ки аъзои як оила буданд (ронанда, ҳамсараш ва се фарзанди онҳо), ба ҳалокат расиданд.Дар ҳамин КҲФ Тоҷикистон аз ронандагон хоҳишкардааст, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ хеле эҳтиёткор бошанд ва суръати ҳаракати мошин риоя кунанд.
https://sputnik.tj/20240329/sadama-purqurboni-roh-dushanbe-chanoq-1062259795.html
узбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/03/1063412142_0:0:640:480_1920x0_80_0_0_09f1f1c00ab5ecdbc30994febd234d74.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, садама, ҳалокат, узбекистон, узбекистонӣ, хонавода, кҳф
тоҷикистон, садама, ҳалокат, узбекистон, узбекистонӣ, хонавода, кҳф
Ду садамаи мудҳиш: ҳалокати се узбекистонӣ ва панҷ узви як хонаводаи тоҷик
15:48 03.07.2024 (Навсозишуда: 17:06 03.07.2024) КҲФ-и Тоҷикистон аз ҳалокати 8 нафар, се шаҳрванди Узбекистон ва панҷ узви як оила аз Тоҷикистон дар ду садамаи маргбор хабар дод
ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар як садамае, ки ахиран дар километри 50-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд рух дод, се шаҳрванди Узбекистон (ду мард ва як зан) ба ҳалокат расиданд.
Ба иттилои манбаъ, мошини тамғаи “Daewoo Nexia”, ки аз шаҳри Хуҷанд ба самти Душанбе дар ҳоли ҳаракат буд, ба мошини боркаши тамғаи КАМАЗ бархӯрдааст.
Бар асари ин садамаи маргбор ронанда ва ду ҳамсафари ӯ, ки ҳамагӣ шаҳрвандони Узбекистон буданд, дар ҷойи ҳодиса ҷон бохтанд.
Қайд карда шудааст, ки худи ҳамон рӯз КҲФ-и Тоҷикистон бо ҳамтоёни худ аз Узбекистон дар тамос шуданд ва дар бораи ҳалокшудагон ва садамаи рухдода пурра маълумот доданд.
“Дастаи наҷотдиҳандагони КҲФ ба ҷойи ҳодиса расида, бо истифода аз таҷҳизоти махсус ҷасади ҳалокшудагонро аз мошини садамадида берун оварданд ва ба кормандони милитсия супурданд”, - қайд кардааст манбаъ.
Ҳамчунин як садамаи мудҳиши дигар дар қаламрави ноҳияи Айнии вилояти Суғд рух додааст.
Дар роҳи Айнӣ-Мастчоҳи Кӯҳӣ, дар наздикии деҳаи Шавакти Поёни ҷамоати деҳоти Рарзи ноҳияи Айнӣ мошини тамғаи "Musso", ки аз ҷониби як сокини 32-солаи рустои Шавакти Поён идора мешуд, ба як ҷарии умқаш 450 метр сарозер шуд.
Бар асари ин садамаи мудҳиш ҳамаи дохили мошинбудагон, ки аъзои як оила буданд (ронанда, ҳамсараш ва се фарзанди онҳо), ба ҳалокат расиданд.
Дар ҳамин КҲФ Тоҷикистон аз ронандагон хоҳишкардааст, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ хеле эҳтиёткор бошанд ва суръати ҳаракати мошин риоя кунанд.