https://sputnik.tj/20240703/rahmon-ozimi-ostona-toqaev-muloqt-1063415444.html
Раҳмон озими Остона шуд ва бо Тоқаев мулоқот кард
Раҳмон озими Остона шуд ва бо Тоқаев мулоқот кард
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон барои иштирок дар вохӯрии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай вориди шаҳри Остонаи Қазоқистон шуд
2024-07-03T17:41+0500
2024-07-03T17:41+0500
2024-07-10T19:21+0500
дар тоҷикистон
қазоқистон
ҳамкорӣ
равобит
остона
эмомалӣ раҳмон
қосим -жомарт тоқаев
мулоқот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/03/1063415261_0:0:1280:721_1920x0_80_0_0_815ac84425d773363b8be0ec08c5829c.jpg
ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Тавре дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст, дар фурудгоҳи байналмилалии Нурсултон Назарбоев Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури кишварро сарвазири Қазоқистон Олжас Бектенов ва дигар намояндагони воломақом гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.Аз фурудгоҳ Эмомалӣ Раҳмон ба дидори Президенти Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев равон шуд.“Дар ҳошияи ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев мулоқот намуд”, - қайд кардааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.Ба иттилои манбаъ, дар вохӯрӣ ҷанбаҳои мухталифи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон, масъалаҳои рӯзномаи ҷаласаи навбатии СҲШ ва мавзуоти алоҳидаи минтақавию байналмилалӣ баррасӣ шуданд.Таъкид шудааст, ки дар вохӯрӣ масоили рушду инкишофи муносибатҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷоративу иқтисодӣ, кишоварзӣ, энергетика, нақлиёти ҳавоӣ ва амният муҳокима гардид.Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи фаъолияти ҳамоҳанг дар масъалаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ иброз доштанд.Инчунин баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ дар шаҳри Душанбе аз масъалаҳои дигари мулоқот буд.Дар рафти суҳбат роҳбарони ду кишвар ҷараёни кор дар соҳаи рақамикунонӣ ва масъалаи ҷудо кардани бурсияҳо барои тайёр намудани мутахассисони тоҷик дар соҳаи технологияи иттилоотӣ баррасӣ намуданд.
https://sputnik.tj/20240703/rahmon-ba-ostona-raft-1063409198.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/03/1063415261_24:0:1228:903_1920x0_80_0_0_f035428db6b9cafa6c18bb201c7dca5d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, қазоқистон, остона, мулоқот, сҳш, нишсат
тоҷикистон, қазоқистон, остона, мулоқот, сҳш, нишсат
Раҳмон озими Остона шуд ва бо Тоқаев мулоқот кард
17:41 03.07.2024 (Навсозишуда: 19:21 10.07.2024) Раисҷумҳури Тоҷикистон барои иштирок дар вохӯрии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай вориди шаҳри Остонаи Қазоқистон шуд
ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Тавре дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст, дар фурудгоҳи байналмилалии Нурсултон Назарбоев Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури кишварро сарвазири Қазоқистон Олжас Бектенов ва дигар намояндагони воломақом гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Аз фурудгоҳ Эмомалӣ Раҳмон ба дидори Президенти Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев равон шуд.
“Дар ҳошияи ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев мулоқот намуд”, - қайд кардааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Ба иттилои манбаъ, дар вохӯрӣ ҷанбаҳои мухталифи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон, масъалаҳои рӯзномаи ҷаласаи навбатии СҲШ ва мавзуоти алоҳидаи минтақавию байналмилалӣ баррасӣ шуданд.
Таъкид шудааст, ки дар вохӯрӣ масоили рушду инкишофи муносибатҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷоративу иқтисодӣ, кишоварзӣ, энергетика, нақлиёти ҳавоӣ ва амният муҳокима гардид.
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи фаъолияти ҳамоҳанг дар масъалаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ иброз доштанд.
Инчунин баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ дар шаҳри Душанбе аз масъалаҳои дигари мулоқот буд.
Дар рафти суҳбат роҳбарони ду кишвар ҷараёни кор дар соҳаи рақамикунонӣ ва масъалаи ҷудо кардани бурсияҳо барои тайёр намудани мутахассисони тоҷик дар соҳаи технологияи иттилоотӣ баррасӣ намуданд.