https://sputnik.tj/20240703/putin-sozishnoma-iiao-mughuliston-bahoguzori-1063415926.html
Путин созишнома миёни ИИАО ва Муғулистонро баҳогузорӣ кард
Путин созишнома миёни ИИАО ва Муғулистонро баҳогузорӣ кард
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Русия таъкид кард, ки имзои созишнома миёни ИИАО ва Муғулистон барои ҳар ду тараф имкониятҳои навро боз мекунад
2024-07-03T18:41+0500
2024-07-03T18:41+0500
2024-07-03T18:41+0500
русия
дар русия
муғулистон
ииао
владимир путин
созишнома
тиҷорат
ҳамкорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/0e/1058816253_0:136:3160:1914_1920x0_80_0_0_8506014a41964f2da8098925a1aff438.jpg
ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Кишвардори Русия Владимир Путин боварӣ дорад, ки имзои созишномаи тиҷоратӣ байни Муғулистон ва ИИАО ба рушди иттиҳод мусоидат хоҳад кард.Путин дар мулоқот бо Ухнаагийн Хурелсух, раисиҷумҳури Муғулистон гуфт, ки ин иқдом на танҳо заминаи расмии ҳуқуқии муносибатҳои Русия ва Муғулистонро мустаҳкам мекунад, балки барои тавсеаи ҳамкориҳои ду кишвар имконоти нави воқеиро фароҳам месозад.Вай ҳамчунин пешниҳод кард, ки ҳамкориҳо дар бахши энержӣ - ҳам сӯзишворӣ ва ҳам нерӯи барқ баррасӣ шаванд."Ин ҷо чизест, ки болои он метавон гуфтугӯ кард", - гуфт Путин.Комиссияи иқтисодии АвруОсиё қаблан хабар дода буд, ки ҷонибҳо интизор доранд, то охири сол созишномаи муваққатии тиҷорати озод байни Муғулистон ва кишварҳои ИИАО-ро ба имзо расонанд.Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) - созмонест, ки дар он Русия нақши барҷаста дорад ва ин созмон Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус, Арманистон ва Русияро муттаҳид месозад.
https://sputnik.tj/20240702/iiao-bozori-yagonai-kishovarzi-tashkil-1063402813.html
русия
муғулистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/0e/1058816253_215:0:2946:2048_1920x0_80_0_0_0c2de2ed3a2c5df7a1cf23632366b992.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, муғулистон, баҳогузорӣ, созхишнома, владимир путин, ҳамкорӣ, равобит, ииао
русия, муғулистон, баҳогузорӣ, созхишнома, владимир путин, ҳамкорӣ, равобит, ииао
Путин созишнома миёни ИИАО ва Муғулистонро баҳогузорӣ кард
Раисҷумҳури Русия таъкид кард, ки имзои созишнома миёни ИИАО ва Муғулистон барои ҳар ду тараф имкониятҳои навро боз мекунад
ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Кишвардори Русия Владимир Путин боварӣ дорад, ки имзои созишномаи тиҷоратӣ байни Муғулистон ва ИИАО ба рушди иттиҳод мусоидат хоҳад кард.
Путин дар мулоқот бо Ухнаагийн Хурелсух, раисиҷумҳури Муғулистон гуфт, ки ин иқдом на танҳо заминаи расмии ҳуқуқии муносибатҳои Русия ва Муғулистонро мустаҳкам мекунад, балки барои тавсеаи ҳамкориҳои ду кишвар имконоти нави воқеиро фароҳам месозад.
Вай ҳамчунин пешниҳод кард, ки ҳамкориҳо дар бахши энержӣ - ҳам сӯзишворӣ ва ҳам нерӯи барқ баррасӣ шаванд.
"Ин ҷо чизест, ки болои он метавон гуфтугӯ кард", - гуфт Путин.
Комиссияи иқтисодии АвруОсиё қаблан хабар дода буд, ки ҷонибҳо интизор доранд, то охири сол созишномаи муваққатии тиҷорати озод байни Муғулистон ва кишварҳои ИИАО-ро ба имзо расонанд.
Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) - созмонест, ки дар он Русия нақши барҷаста дорад ва ин созмон Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус, Арманистон ва Русияро муттаҳид месозад.