Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

“Искандар” якбора 7 ҷангандаи Су-27 Украинаро дар майдони ҳавоии Миргород нобуд кард

© Sputnik / Russian Defence Ministry / Гузариш ба медиабонкВ России начались учения по применению нестратегического ядерного оружия
В России начались учения по применению нестратегического ядерного оружия - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.07.2024
Обуна шудан
Артиши Русия бо мушаки тактикии “Искандар -М” ба майдони ҳавоии Миргород, ки дар он ҷангандаҳои нерӯҳои ҳавоии Украина ҷойгир буданд зарба заданд.
ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Вазорати дифои Русия хабар дод, ки артиш дар як ҳамлаи мушакӣ ба фурудгоҳи Миргород, ки дар вилояти Полтаваи Украина воқеъ аст, ҳафт ҷангандаи украиниро нобуд карданд.
Русия ба таваққуфгоҳи ҳавопаймоҳои Нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар фурудгоҳи Миргород бо мушакҳои "Искандар-М"-и зарбазаданд" - омадааст дар хабар.
Дар фурудгоҳ низомии Миргород бригадаи 831-уми авиатсионии тактикии Украина ҷойгир аст. Ғайр аз ин, дар ин ҷо маркази таълимии халабонҳо ва дар наздикии он анборҳо ва ҷойи мустақари нақлиёти автомобилӣ мавҷуд аст. Нерӯҳои ҳавоии Украина Миргородро ҳамчун фурудгоҳ барои ҳамла ба минтақаи Запорожье ва самти Қрим истифода мебаранд.
Вазорати дифои Русия тавзеҳ дод, ки дар натиҷаи зарба панҷ ҷангандаҳои Су-27 пурра нобуд карда шуд ва ду ҷангандаи дигар, ки дар ҳоли таъмир буданд, осеб диданд.
Дар вокуниш ба ҳамлаҳои артиши Украина ба ҳадафҳои ғайринизомӣ, нерӯҳои Русия мунтазам ба маҳалҳои ҷойгиршавии сарбозон, техникаи низомӣ ва зархаридон, инчунин ба инфрасохтор: иншооти энергетикӣ, саноати дифоӣ, маъмурияти ҳарбӣ ва коммуникатсияи Украина ҳамлаҳо анҷом медиҳанд.
Дар ҳамин ҳол, Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия борҳо таъкид кардааст, ки артиш ба биноҳои истиқоматӣ ва муассисаҳои иҷтимоӣ ҳамла намекунад.
Лентаи хабарҳо
0