https://sputnik.tj/20240701/kobulov-rusiya-suqut-kobul-peshbini-karda-bud-1063391162.html
Кобулов: Русия суқути зудҳангоми Кобулро пешбинӣ карда буд
Кобулов: Русия суқути зудҳангоми Кобулро пешбинӣ карда буд
Sputnik Тоҷикистон
Намояндаи вижаи Русия барои Афғонистон гуфт, ки Маскав ҳашт сол пеш медонист толибони ҳукуматро дар Афғонистон ба даст хоҳанд гирифт
2024-07-01T12:19+0500
2024-07-01T12:19+0500
2024-07-01T12:56+0500
афғонистон
толибон
русия
дар русия
замир кобулов
сиёсат
суқут
ҳукумат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/11/1054256992_0:144:3077:1875_1920x0_80_0_0_cd856ba943fa5e646fd3940aaa444f44.jpg
ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Намояндаи вижаи Русия барои Афғонистон Замир Кобулов гуфт, ки Маскав ҳашт соли пеш суқути Кобулро пешбинӣ карда буд, иттилоъ додааст "Радио дарӣ". Вай афзуд, пеш аз ба қудрат расидани толибон* дар Афғонистон, Маскав равобити хубе бо онҳо дошт.Оқои Кобулов тасреҳ кард, Маскав аз мақомоти толибон* интизор дорад, ки барои маҳори тероризми байналмилалӣ бештар талош кунанд.Намояндаи вижаи Русия барои Афғонистон муътақид аст, ки мақомоти толибон то кунун иқдомоти зиёде барои коҳиши тавлиди маводи мухаддир анҷом додаанд.Маврид ба зикр аст, ки дар авоили августи соли 2021 Толибон* ҳамлаи худро алайҳи нирӯҳои давлатии Афғонистон афзоиш дода, рӯзи 15 август вориди Кобул шуданд ва рӯзи дигар эълом карданд, ки ҷанг тамом шудааст.Ду ҳафтаи ахири моҳи августи он сол аз фурудгоҳи Кобул, ки таҳти ҳифозати низомиёни амрикоӣ буд, ихроҷи оммавии шаҳрвандони кишварҳои ғарбӣ ва афғонҳое, ки бо онҳо ҳамкорӣ доштанд, сурат гирифт.Шаби 31 август низомиёни амрикоӣ фурудгоҳи Кобулро тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20 соли низомии Амрико дар Афғонистон хотима доданд.Рӯзи панҷшанбе маъмурияти Амрико ба Конгресс маводи махфии "таҳлили пас аз фактум"-и дохилиидоравии хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон, ки мавриди таҳқиқи қонунгузорон шуд, супурд.*-гурӯҳ барои амалҳои террористӣ зери таҳримҳои СММ қарор дорад.
https://sputnik.tj/20240622/nebenzya-khatar-dastyobi-doish-afghoniston-siloh-gharb-1063305805.html
афғонистон
толибон
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/11/1054256992_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_6d5b7a34ac219e6dd084f9b916f857c6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, толибон, суқут, пешбинӣ, русия, замир кобулов, маскав
афғонистон, толибон, суқут, пешбинӣ, русия, замир кобулов, маскав
Кобулов: Русия суқути зудҳангоми Кобулро пешбинӣ карда буд
12:19 01.07.2024 (Навсозишуда: 12:56 01.07.2024) Намояндаи вижаи Русия барои Афғонистон гуфт, ки Маскав ҳашт сол пеш медонист толибон* ҳукуматро дар Афғонистон ба даст хоҳанд гирифт
ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Намояндаи вижаи Русия барои Афғонистон Замир Кобулов гуфт, ки Маскав ҳашт соли пеш суқути Кобулро пешбинӣ карда буд, иттилоъ додааст "Радио дарӣ".
Вай афзуд, пеш аз ба қудрат расидани толибон* дар Афғонистон, Маскав равобити хубе бо онҳо дошт.
Оқои Кобулов тасреҳ кард, Маскав аз мақомоти толибон* интизор дорад, ки барои маҳори тероризми байналмилалӣ бештар талош кунанд.
Намояндаи вижаи Русия барои Афғонистон муътақид аст, ки мақомоти толибон то кунун иқдомоти зиёде барои коҳиши тавлиди маводи мухаддир анҷом додаанд.
Маврид ба зикр аст, ки дар авоили августи соли 2021 Толибон* ҳамлаи худро алайҳи нирӯҳои давлатии Афғонистон афзоиш дода, рӯзи 15 август вориди Кобул шуданд ва рӯзи дигар эълом карданд, ки ҷанг тамом шудааст.
Ду ҳафтаи ахири моҳи августи он сол аз фурудгоҳи Кобул, ки таҳти ҳифозати низомиёни амрикоӣ буд, ихроҷи оммавии шаҳрвандони кишварҳои ғарбӣ ва афғонҳое, ки бо онҳо ҳамкорӣ доштанд, сурат гирифт.
Шаби 31 август низомиёни амрикоӣ фурудгоҳи Кобулро тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20 соли низомии Амрико дар Афғонистон хотима доданд.
Рӯзи панҷшанбе маъмурияти Амрико ба Конгресс маводи махфии "таҳлили пас аз фактум"-и дохилиидоравии хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон, ки мавриди таҳқиқи қонунгузорон шуд, супурд.
*-гурӯҳ барои амалҳои террористӣ зери таҳримҳои СММ қарор дорад.