Тоҷикистониён дар моҳи июл чанд рӯзи истироҳат мекунанд?

Обуна шудан
Шаҳрвандони Тоҷикистон дар моҳи дуюми тобистон ва моҳи гармтарини сол тибқи тақвими муқаррарӣ кор ва истироҳат хоҳанд кард
Моҳи оянда дар Тоҷикистон рӯзҳои ид ва истироҳати иловагӣ нест ва кору истироҳат тибқи тақвими муқаррарӣ сурат хоҳад гирифт.
Пас аз он ки сокинони Тоҷикистон яке аз идҳои асосии ҷумҳуриро дар моҳи июн - Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил карданд, дар моҳи июл ҳама тибқи тақвими муқаррарӣ хоҳад буд.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон дар тӯли сол идҳои мухталиф, аз ҷумла байналмилалӣ, касбӣ, давлатӣ ва динӣ таҷлил мешавад, ки бархеи онҳо таътилу қисми дигарашон корӣ мебошанд.
Рӯзҳои ид ва истироҳат дар қонун инъикос ёфта, баъдан агар зарурати иваз кардани рӯзҳои корӣ бо ғайрикорӣ пеш ояд, он бо қарори ҳукумат таъйид мешавад.
Лентаи хабарҳо
0